Бархат[1] ё онлайн (англ. Online) ва бурунхат[2] ё офлайн (англ. Offline) — маъниҳои мушаххасе дар робита бо фановарии роёна ва мухобирот доранд. Ба таври куллӣ, бархат нишонгари ҳолати иттисол аст дар ҳоле, ки бурунхат нишондиҳандаи ҳолати қатъӣ мебошад. Дар истифодаи маъмул, бархат ағлаб ба интернет ё веби ҷаҳонгустар ишора дорад.

Дар техникаи компютери Онлайн — ба маънои дар алоқа будан бо шабакаи интернетии барқӣ ва Оффлайн дар алоқа қарор надоштанро дорад.

Масалан:

Дар почтаи электронӣ — почта дар режими Онлайн ва Оффлайн кор мекунад. Вале дар чунин режим кор кардани компютер, танҳо дар вазъияти пайвастан ба Интернет мумкин аст.

Дар мавриди истифодаи Веб-браузер чунин тарзи корбарии режимҳои Онлайн ва Оффлайн низ истифода бурда мешавад. Дар режими корбарии автономӣ корбарон Оффлайнро, аз нусхаҳои локалии саҳифаҳо пештар аз интарнет сабтгардида тамошо ва мутолиа карда метавонанд.

  1. Бархат чист? Маънои вожаи бархат(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 1 июли 2019 санҷида шуд.
  2. Бурунхат чист? Маънои вожаи бурунхат(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 1 июли 2019 санҷида шуд.