Барчадев (деҳа, н. Шуғнон)


БАРЧАДЀВ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Дарморахти ноҳияи Шуғнон. Аз Барчадев то маркази ноҳия 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 128 нафар (2012), тоҷикон. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи кӯҳӣ ва оби чашма обёрӣ мешаванд.

Манбаъ вироиш