Барқарор намудани шаҳрвандӣ
Барқарор намудани шаҳрвандӣ — яке аз асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандон мебошад. Барқарор намудани шаҳрвандӣ танҳо нисбати ашхосе татбиқ карда мешавад, ки агар пештар шаҳрванди ҳамон давлат буда, аммо бо баъзе сабабҳо (баромадан, аз даст додан, маҳрум гардидан аз шаҳрвандӣ) шаҳрвандиаш қатъ гардида бошад. Барқарор намудани шаҳрвандонро дар илми ҳуқуқи конститусионӣ реинтегратсия меноманд. Ду тарзи барқарор намудани шаҳрвандӣ мавҷуд аст: а) бо ҳоҳиши шахси манфиатдоре, ки барои барқарор намудани шаҳрвандии хеш бо ариза муроҷиат менамояд (яке аз тарзҳои хеле маъмул ва паҳнгашта мебошад) ва б) бо ташаббуси давлат. Одатан тарзи дуюми барқарор намудани шаҳрвандӣ дар натиҷаи демократикунонии қонунгузории шаҳрвандӣ вобаста ба барҳам додани маҳрум гардидан аз шаҳрвандӣ ба вуҷуд меояд, яъне ҳангоми барҳам додани падидаи маҳрум гардидан аз шаҳрвандӣ шахсоне, ки аз шаҳрвандӣ маҳрум гардида буданд, чунин ҳуқуқро пайдо мекунанд. Агар барқарор намудани шаҳрвандӣ бо ташаббуси давлат ба вуҷуд ояд, он гоҳ мақомоти салоҳиятдори давлат қарори дахлдор қабул мекунад. Дар ин ҳолат, албатта, розигии шахс дар бораи барқарор намудани шаҳрвандиаш талаб карда мешавад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.84