Барқ (истилоҳоти ҳуқуқ)

Барқ — аз объектҳои муҳими муносибатҳои гражданӣ аст. Яке аз унсурҳои зарурии ҳаёти ҷамъиятӣ, шарти асосии тараққиёти иқтисодӣ мебошад. Фаъолият ва истифодаи аксарияти ашёи ҳозиразамои ба мавҷудияти барқ вобастааст, масалан, мошинҳои электрикӣ, яхдонҳо, мошинаҳои либосшӯӣ, таҷҳизоти истеҳсолӣ ва ғ. Барқ ба гурӯҳи объектҳои манқул дохил шуда, истеъмолшаванда, тақсимшаванда. якхела мебошад. Вобаста ба табиати худ дорои хусусиятҳои зиёд аст. Ҳолати истифодабарии мунтазамро дорост. Аммо имконияти нигоҳ доштан дар ҷойҳои махсус, анборҳо ҷо карданаш маҳдуд аст. Барои истифода намудан ба таҷҳизоти махсус, коммуникатсияҳои муҳандисӣ, асбобҳои назораткунанда ва ченкунанда, воситаҳои таъмини бехатарӣ ба миён меояд. Хусусияти фоиданокии барқ дар ҳолатҳои истифодабарӣ муайян мегардад. Натиҷаи истифодабарии барқ корҳои иҷрокардашуда, амалиётҳои технологӣ ва ғайра мебошанд. Аммо худи қувваи барқ дар ҳолатҳои истифодабарӣ аз байн меравад. Дар шакли мол, мавод характери моддӣ пайдо намекунад. Аммо мавҷудияти он, истифода шуданаш дар асбобҳои ченкунанда, ҳисобкунанда ифодаи худро нигоҳ медорад.[1]

Нигаред низ

вироиш

Қонун

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.83-84