Барҷастагӣ ва фурӯхамӣ

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАРҶАСТАГӢ ВА ФУРӮХАМӢ, хосияти хатти каҷи (графики функсияи) y= f(x), ки аз ватар (хорда)-и худ поёнтар ё болотар ҷойгир шудани камони хатти каҷро ифода мекунад; дар ҳолати якум (расми 1, а), ки барҷастагии графики функсияи f(x) ба поён (фурӯхамӣ ба боло) аст, функсия барҷаста ва дар ҳолати дуюм, ки фурӯхамӣ ба поён (барҷастагӣ ба боло) аст, функсия фурӯхамида (расми 1, б) номида мешавад. Агар f′(x) ва f″(х) дар ягон фосила вуҷуд дошта бошанд, барҷастагӣ дар ҳолати f″(x) ≥ 0 ва фурӯхамӣ дар ҳолати f″(x) ≤ 0 (дар ҳамаи нуқтаҳои фосилаи баррасишаванда) ҷой дорад. Агар расандаҳои атрофи нуқтаи дилхоҳи хатти каҷ зери камон ҷой гиранд, барҷастагӣ ба поён (расми 2, а) ва агар расандаҳо болои камон ҷой гиранд, фурӯхамида ба поён (расми 2, б) равона мебошад.

Манбаъ вироиш

М. Хоҷабекова.