Бас
Бас (аз итол. вasso – ғафс, паст) — 1) овози пасту ғафси мардона. Навъҳои Бас: Баси баритонӣ, Баси кантанте (Баси баланд) ва Баси профундо (октава).
Баландии овози Бас аз «фа»-и октаваи калон то «фа»-и октаваи якум (F то F1) мерасад; Баси баланд ду навъ мешавад: лирикӣ (нарм) ва драмавӣ (боқувват). Меъёри овозии Баси лирикӣ аз «сол»-и октаваи калон то «фа»-и октаваи якум (C то F1) ва Баси драмавӣ аз «фа»-и октаваи калон то «ми»-и октаваи якум (F то F1) мерасад. Меъёри овозии Баси муқаррарӣ аз «ми»-и октаваи калон то «ре», «ми»-и октаваи якум (E то d1, e1)-ро фаро мегирад. Дар хор баритонҳо ва Баси лирикӣ ба партияи Баси якум дохил буда, Баси муқаррарӣ ва ғафси паст (Бас октава) ба партияи овозҳои Баси дуюм мансубанд;
2) сози мусиқии буъдаш паст, монанди тубабас, контрабас ва ғайра;
3) садои аз ҳама поёнии (пасти) аккорд; садои паст ва поёнӣ дар мусиқии бисёровоза.
Ҳамчунин Бас сози мисине дар оркестрҳои нафасӣ бо регистри овози паст номида мешавад. Маънои сеюми калимаи «бас» –ин садои баси аккордҳо ё овози аз ҳама паст дар мусиқии бисёровоза.[1]
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 57 -58. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)