Басит
Этой статье нужно больше ссылок на другие статьи для интеграции в энциклопедию. |
[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]
БАСЍТ (ар. بسیط – сода, беолоиш), истилоҳи фалсафии асрҳои миёнаи Шарқ. Он бар хилофи мафҳуми мураккаб ба чизе далолат мекунад, ки онро «ҷузъе билфеъл набошад, хоҳ он чизро ҷузъе билқувва ҳаст, монанди хат, сатҳ ва ҷисми таълимӣ ё он чизро ҷузъе билқувва нест, монанди ваҳдат ва нукта аз аърозу ҷавоҳири муҷаррад» («Кашшофи истилоҳоти фунун»). Маъмулан ҳар чизеро, ки ҷузви он мушобеҳи кулли он бошад, низ Басит меноманд. Яке аз истилоҳоти муҳиммест, ки дар осори фалсафию каломии асрҳои миёна ба мазмунҳои зер мавриди истифода қарор гирифтааст: 1) он чи ҷузъе ва таркибе надошта бошад, ба мисли Худо; 2) он чи аз ҷисмҳои мухталифуттабоеъ таркиб наёфта бошад, монанди афлок, ки ҳар як дорои табиати навъияи ҷудогонаанд; 3) он чи ҷузъҳояш нисбат ба ғайраш камтар бошад; 4) он чи вуҷуди маҳз бошад ва мураккаб аз вуҷуду моҳият набошад ва ё вуҷуди он бар моҳияташ ғолиб бошад; 5) он чи ҷисму ҷисмонӣ набошад, ба мисли ақлу нафсҳои муҷаррад.
Дар ҳикмати мутаолиҳа «баситулҳақиқа» мавҷудест, ки ба ҳеч ваҷҳ аз ақсоми таркиби хориҷӣ (моддаву сурат) ва зеҳнӣ (ҷинсу фасл) мураккаб нест. Чунин мавҷуд дар тамоми олам яке буда, он воҷибулвуҷуд биззот ва баси¬тулҳақиқа аз тамоми ҷиҳатҳост. Баситулҳақиқа тамоми ашёст ва тамоми ашё ҳама ӯст. Намояндаи асосии мактаби фалсафии Исфаҳон Садруддини Шерозӣ бар мабнои ин усул масъалаҳои бисёреро ҳал намудааст. Аз ҷумлаи онҳо масъалаи ҳаюлои уло мебошад, ки он дар айни басотату қувваи маҳз буданаш қобили тамоми суратҳо ва мавриди тамоми ҳаводису авоқиби сурату аразҳост. Ба ақидаи мутафаккир, аз вуҷуди Басит чизе салб карда нахоҳад шуд, зеро салби чизе аз чизе тасаввури маслубро тақозо мекунад ва боиси исботи чизи дигаре мегардад, ки ин амр хилофи қоидаи басотат аст. Баситулҳақиқа ҷанбаи нақсу қувва ва истеъдод надорад ва ҳеч шайъ дар он вуҷуд нахоҳад дошт, зеро нақс тааддуд (мураккабӣ)-ро тақозо менамояд. Аммо чизе, ки аслан тааддуд надорад, ноқис нест. Бинобар ин, ҳар баситулҳақиқа дар айни замон ҳамаи ашё аст.
Ҳодии Сабзворӣ ақидаи устоди Садруддини Шерозӣ – Мирдомодро роҷеъ ба масъалаи баситулҳақиқа чунин шарҳу таъбир намудааст: «Ва Ӯ, таъоло, тамоми ҳастӣ аст, яъне «ҳува» баситулҳақиқа куллу-л-ашё» аст. «Ҳува» дар ин ҷо касрат дар ваҳдат аст ва ӯро ваҳдат дар касрат мебояд. Ӯ тамоми ҳастист, яъне ӯро моҳияте нест ва ин нияти ӯ ҳастии маҳз аст. Пас, он комил аст ва камоли ӯ тамоми камоли мавҷуд дар халқ аст ва ҳаёти ӯ тамоми ҳаётҳо бо басотати он аст ва илми ӯ тамоми илмҳо бо басотати он аст...» Қоидаи Басит дар ҳикмати мутаолиҳа мабно ва манбаи асосии ба вуҷуд омадани назарияи ваҳдати вуҷуд ва касрати мавҷуд мебошад.
Адабиёт
вироишҲазратқулов М. Философские взгляды Садриддина Шерази. Д., 1985; سید جلال الدین آشتیانی. منتخباتی از آثار حکماء الهئ ایران. ج ۱-۴. تهران، ۱۳۵۱-۱۳۵۷؛ صدر الدین شیرازی. الاصفار العقلیة العربعة. ج ۱. قم، بدون سال نشر
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.