Бастанигор (порсӣ:بسته نگار) - гӯшаест дар шуъбаи «Муҳайяр»-и мақоми «Ҳусайнӣ»-и «Дувоздаҳмақом». Аз алҳони баланди «Муҳайяр» ҳосил шуда, бо усули (зарби) «Барафшон» иҷро мегардад. Ҳакимон ва мусиқидонони гузашта «Бастанигор»-ро аз овози хурӯс гирифта, сипас таркиби пардавиашро чунин мураттаб сохтанд: аз аввалин нағмаи шуъбаи «Моҳур» оғоз ёфта, ба шуъбаҳои «Сегоҳ» ва «Нуҳуфт» меравад, сипас ба овозаи «Моя» омада, хотима меёбад. Бастанигор (Баста, Бастаи нигор) - оҳанги бостонӣ дар мусиқии устодонаи тоҷик, ки ихтирои онро ба Борбади Марвазӣ (589-90-628-38) мансуб донистаанд. Шуъбаи маъмул дар таркиботи Дувоздаҳмақом (садаҳои 12 -17 ва ибтидои ас.18).[1] «Бастанигор» суруди на он қадар шӯх буда, таъсири муфарраҳ доштааст, аз ин рӯ онро дар гузашта дар маҳфили толибилмон, дар назди подшоҳону амирон ва инчунин дар маҷлиси писарону духтарон иҷро мекардаанд. Аз рӯйи таъсирнокиаш «Бастанигор»-ро вақти ғуруби офтоб ва дар тирамоҳ дар таркиби «Ҳусайнӣ» мехондаанд; 2) дар «Шашмақом» дар қисми Мушкилот (созӣ)-и мақоми «Сегоҳ» бо номи «Сақили бастанигор» омадааст. Бо ин ном дар мақомҳои хоразмӣ (мақоми «Сегоҳ») низ ҷой дорад; 3) яке аз гӯшаҳои машҳури мусиқии «Ҳафтдастгоҳ»-и Эрон, ки дар таркиби дастгоҳҳои (мақомҳои) «Моҳур» (гӯшаи сиючорум), «Сегоҳ» (гӯшаи нуҳум), «Чаҳоргоҳ» (гӯшаи нуҳум), «Рости Панҷгоҳ» (гӯшаи нуздаҳум) иҷро мешавад; 4) яке аз оҳангҳои давраи Сосониён, ки бо номи «Баста» дар маъхазҳо қаламдод шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Маҳмуди Ҳусайнӣ. Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ /Таҳия ва таҳқиқи А. Раҷабов. Д., 1987;
  • عبدالقادر مراغی. مقاصد الالحان. تهران، ۱۳۵۶؛ فرهنگنامۀ موسیقئ ایران. تهران، ۱۳۷۵

Нигаред низ

вироиш

Шашмақом

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 38 ISBN 978-99947-49-13-3

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2