БАСТЍЛИЯ (Bastile – яке аз бурҷҳои Парижро фарогиранда бо номи Basttiola), қалъа ва ҳабсхонаи шаҳрӣ дар Париж (асрҳои 14–18). Аз с. 1369 то с. 1383 дар даромадгоҳи ш. Сент–Антуан сохта шудааст. Бастилия пойгоҳи васеъ ва 8 бурҷи бузург дошт, ки деворҳои баландаш 24 м ва бараш 3 м онҳоро бо ҳам мепайваст. Атрофаш бо хандак печонида шуда буд. Сохтмони Бастилия ҳанӯз ба охир нарасида, асосгузори он хидматгори шоҳ Гуго Обрио маҳбуси аввалини он шуд. Бастилия вазифаи ҳимояи шаҳр аз тарафи шимолро иҷро мекард ва аз ин рӯ он мавриди тасхири истилогарон – бургинонҳо (1418), лигерҳо (1588), фрондёрҳо (1649) қарор гирифт. Аз а. 17 Бастилия ба ҳабсхонаи давлатӣ табдил ёфт. 14 июли 1789 шӯришгарони Париж Бастилияро дар натиҷаи шӯриш ба даст дароварданд, ки он ибтидои Инқилоби Кабири Фаронса шуд. Бастилия баъд аз як сол пурра ҳамвор гардид. Аз с. 1880 рӯзи озодшавии Бастилия ҳамчун иди миллии Фаронса ҷашн гирифта мешавад. Дар солҳои охир ба ҷойи қалъаи вайроншудаи Бастилия майдони калони наве бо номи Бастилия сохта шудааст.

Манбаъ вироиш