Батареяҳои офтобӣ — истилоҳи маъмули табдилдиҳандаҳои фотоэлектрикии баҳампайваста (фотоэлементҳо) – таҷҳизоти нимноқилие, ки энергияи Офтобро ба ҷараёни электрикии доимӣ табдил медиҳад. Бар хилофи коллекторҳои офтобӣ, ки ҳарор. мавод – ҳомили гармиро баланд мекунанд, Батареяҳои офтобӣ бевосита энергияи электрикӣ ҳосил менамоянд.

Дарахт аз панелҳои офтобӣ дар Глайсдорф (Австрия)

Истеҳсоли унсурҳои фотоэлектрикӣ ва коллекторҳои офтобӣ бо суръати баланд дар самтҳои мухталиф тараққӣ меёбад. Батареяҳои офтобӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд: хурд (барои микрокалкуляторҳо) ва калон (барои боми хона ва автомобил). Батареяҳои офтобӣ ва коллекторҳои офтобӣ дар минтақаҳои рӯзҳои офтобиашон зиёд, бахусус дар мамлакатҳои назди Баҳри Миёназамин, ки дар болои бом насб карда мешаванд, хеле маъмул гаштаанд. Масалан, дар Испания аксар хонаҳои нав бо обгармкунакҳои офтобӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд, ки аз 30 то 70% талаботи аҳолиро ба оби гарм таъмин мекунанд. Хонаҳои ғайриистиқоматӣ (марказҳои савдо, беморхонаҳо), бо таҷҳизоти фотоэлектрикӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Батареяҳои офтобӣ яке аз усулҳои асосии ба даст овардани энергияи электрикӣ дар аппаратҳои париши кайҳонӣ мебошанд: онҳо муддати тӯлонӣ бе сарфи маводде кор карда, дар айни замон бар хилофи манбаъҳои ядроӣ ва радиоизотопӣ аз ҷиҳати экологӣ бехавф мебошанд. Аммо ҳангоми парвозҳои тӯлонӣ (берун аз мадори Миррих) истифодаи Батареяҳои офтобӣ мушкил мегардад, зеро сели энергияи офтобӣ ба квадрати масофа то Офтоб чаппа мутаносиб аст. Баръакс, ҳангоми парвоз кардан ба сӯйи Зуҳра ва Уторид иқтидори Батареяҳои офтобӣ хеле баланд (дар наздикии Зуҳра 2 маротиба ва дар қарибии Уторид 6 маротиба зиёд) мешавад. Истеҳсоли электро¬мо¬билҳо – автомо¬билҳое, ки энергияи Офтобро истифода мекунанд, сол аз сол афзоиш меёбад.

Иқтидори сели афканишоти Офтоб дар масофаи 150 млн км бе назардошти талафот дар атмосфераи замин қариб 1350 Вт-ро дар 1 км2 ташкил медиҳад. Дар саноат нархи истеҳоли 1 кВт•соат қувваи барқ бо ёрии фотоэлементҳо тақр. 0,25 доллари ИМА мебошад. Дар айни замон дар баъзе лабҳои илмӣ унсурҳои офтобии самараашон то 43%-ро ҳосил кардаанд. Соли 2011 дар бозор унсурҳои офтобии самаранокиашон то 39% ба фурӯш бароварда шуданд. Аксар вақт фотоэлементҳои алоҳида иқтидори заруриро ҳосил намекунанд, бинобар он миқдори муайяни онҳо ба ҳам пайваст карда мешаванд. Калонтарин ширкатҳои истеҳсоли Батареяҳои офтобӣ Sanyo¬Electric, Suntech Power, Sharp, Yingli мебошанд.

Дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ дорад, истифодаи Батареяҳои офтобӣ торафт маъмул мегардад. Феълан дар таҷҳизоти қабули пардохтҳо дар қӯчаҳо, равшан кардани хона ва обгармкунӣ Батареяҳои офтобиро истифода мебаранд.

Сарчашма

вироиш