Боқӣ Раҳимзодадеҳа дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳияи Турсунзода. Аз Боқӣ Раҳимзода то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 11 км; роҳ асфалтпӯш.

Деҳа
Боқӣ Раҳимзода
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Турсунзода
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2601 тан (2017)
Миллият тоҷикон, ӯзбекҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3130
Нишонаи почта 737450

Аҳолиаш 2601 нафар (2017), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, чойхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ, ошхона ва 3 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ ва зироаткорӣ (асосан шоликорӣ).

Заминҳо аз дарёи Қаратоғ обёрӣ мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш