Николай Бауман
Николай Эрнестович Бауман (тахаллуси ҳизбиаш Грач, Полетаев, Сарафский, Сорокин; 17 [29] май 1873, 16/5, Musa Cälil Street[d][1][2] — 31 октябр 1905, Маскав[1]) — инқилобгар ва арбоби ҳизби болшевикӣ.
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 17 (29) май 1873 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 31 октябр 1905 (32 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Ҳизб: | |
Навъи фаъолият: | инқилобӣ, сиёсатмадор |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Аз оилаи дуредгар. Соли 1895 Институти ветеренарияи Қазонро хатм кард. Фаъолияти инқилобии ӯ солҳои 90 садаи 19 дар Қазон оғоз ёфт. Солҳои 1896-97 узви «Ииттифоқи мубориза барои озод кардани синфи коргар»-и Петербург буд. Аз марти 1897, 22 моҳ дар қалъаи Петропавловск маҳбус буд ва соли 1899 ба губ. Вятка ба муддати 4 сол бадарға гардид. Окт. 1899 аз бадарға гурехта, ба Швейтсария рафт ва узви гурӯҳи «Иттифоқи сотсиал-демократҳои рус дар хориҷа» гардид. Соли 1900 Бауман дар ташкил кардани г. «Искра» яке аз наздиктарин ва фаъолтарин ёварони В. И. Ленин буд. Декабри 1901 Бауманро ҳамчун муҳаррири «Искра» ба Маскав фиристоданд ва ӯ узви Комитети маскавии РСДРП шуд. Дар Съезди 2-юми РСДРП (1903) вакили ташкилоти ҳизбии Маскав буд ва роҳи лениниро устуворона ҳимоя кард. Декабри 1903 роҳбари ташкилоти ҳизбии болшевикони Маскав, Бюрои Шим. КМ РСДРП буд. Дар хонааш пинҳонӣ матбаа кушод. Октябри 1905 Бауман ҳангоми намоиши ташкилкардаи Комитети маскавии РСДРП аз тарафи сиёҳгурӯҳе, ки агенти шуъбаи хуфя (охранка)-и мутлақият буд, ваҳшиёна кушта шуд.
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Бауман Николай Эрнестович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 В Казани дом, где родился Бауман, нуждается в срочномремонте (рус.) // Комсомольская правда / под ред. Н. О. Вячеславовна — Казань: Комсомольская правда, 2017. — ISSN 0233-433X; 1563-6372
АдабиётВироиш
- Бауман Николай Эрнестович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.