Бахмал (деҳа, н. Ашт)

Бахмалдеҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт. Аз Бахмал то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 27 км; роҳ асфалтпӯш.. Аҳолиаш 1422 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Бахмал
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ашт
Ҷамоат Деҳоти Меҳробод
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1422 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3453

Иқтисод

вироиш

ҶСК «Кони намак», мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, китобхона, хонаи фарҳанг, нуқтаҳои хидмати маишӣ, боғчаи бачагон, 6 нуқтаи савдои хусусӣ, ошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, зироаткорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳру чоҳҳо обёрӣ мешаванд. Сохтмони шаҳрак соли 1982 оғоз шудааст.

Сарчашма

вироиш