Бахтиёр Файзуллоев

Бахтиёр Бобоҷонович Файзуллоев (тав. 2.03.1961) ноҳияи Ғончӣ, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

Бахтиёр Файзуллоев
Бахтиёр Бобоҷонович Файзуллоев
Таърихи таваллуд 2 март 1961(1961-03-02) (63 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ғончӣ, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор МТУ №3, ноҳияи Ғончӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Зиндагинома вироиш

Соли 1983 ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст. Ихтисос муаллими забон ва адабиёти ӯзбек.

Солҳои 1983-1989 — Муаллими забон ва адабиёти ӯзбек МТУ №3, ноҳияи Ғончӣ.

Солҳои 1989-1992 — Ҷонишини директор оид ба корҳои таълим МТУ № 3, ноҳияи Ғончӣ.

Солҳои 1992-1999 — Муаллими кафедраи адабиёти ӯзбеки факултети филологияи ӯзбек Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 1999-2003 — Сармуаллими кафедраи адабиёти ӯзбек факултети филологияи ӯзбек Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 2003-2009 — Дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ӯзбек факултети филологияи ӯзбек Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 2009-2012 — Мудири кафедраи методикаитаълими забон ва адабиёти ӯзбекӣ факултети филологияи ӯзбек Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 2012-2016 — Дотсенти кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он дар факултети филология Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Аз сентябри соли 2016 то ҳоло — Дотсенти кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он дар факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.[1]

Эзоҳ вироиш