Бахтовар Сафарзода

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ (зод. 10 марти 1983, ноҳияи Вахш, Вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон) — ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, давлатмарди тоҷик, дипломат.Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумхурии Тоҷикистон дар назди макомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Фиристодаи Фавқулода ва Мухтор.

Сафарзода Бахтовар
Сафарзода Бахтовар Амиралӣ
Таърихи таваллуд 10 март 1983(1983-03-10) (41 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Вахш, вилояти Қурғонтеппа
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2005)

Зиндагинома ва фаъолияти меҳнатӣ

вироиш

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ 10 марти соли 1983 дар ноҳияи Вахш дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиашро солҳои 1989—2000 дар мактабҳои миёнаи № 3 ва мактаби интернати ҳамин ноҳия гирифта, онро хатм намудааст. Соли 2000 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2005 факултети номбурдаро бо дипломи «аъло» бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм мекунад. Соли 2006 мувофиқи тақсимоти давлатӣ ӯ ба сифати аспиранти шуъбаи рӯзона фаъолияти илмии худро шурӯъ намуда, соли 2010 бо ҳимояи рисолаи номзадии худ сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегардад. Ҳамзамон аз соли 2007 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқиинсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз намудааст.

27.08.2009 то 02.03.2015 – Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

02.01.2014 то 02.03.2015 – Муовини Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

01.03.2015 то 01.03.2020 – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон,

Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

01.03.2020 то 01.10.2020 – Вакили Маљлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

07.09.2020 то 31-уми майи соли 2023 Муовини Котиби Генералии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (Федератсияи Русия, ш.Санкт-Петербург)

Аз 31.05.2023 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус.

9 октябри соли 2015 дар мавзӯъи «Инъикоси стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ ва маводи илмии чопшуда: Муаллифи зиёда аз 120 маводи илмӣ ва методӣ оид ба назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсон.


Бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона гап мезанад.

Барои хидматҳои шоён дар рушди кишвар бо мукофотҳои гуногун сафароз гардонида шудааст.

Номгуйи мукофотҳо:

- Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2011);

- «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013);

- «Ифтихорномаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (2019);

- Нишони фахрии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Барои хизматҳо дар рушди тарбияи ҷисмонӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ» (2020);

- Ифтихорномаи Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (2021);

- Медали ҷашнии «Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. 30 сол» (2022).

Вазъи оилавӣ: Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Пайвандҳо

вироиш