Бахшидабозӣ
Бахшидабозӣ - қинғолабозӣ, расми пеш аз ҷашни арӯсии тоҷикон, вохӯрии арӯсу домод пеш аз тӯй (шиносоӣ ва омӯзиши ҳамдигар). Бахшидабозиро инчунин бо истилоҳҳои «номзадбозӣ» «нисбатбозӣ» (Исфара, Мастчоҳ), «қинғолбозӣ» (Ҳисор, Кӯлоб) номбар мекунанд.
Бахшидабозӣ пас аз маросими фотиҳа (сафедигирон) то тӯй ба муддати аз як ҳафта то якчанд моҳ ё баъзан як-ду сол давом меёфт. Дар ин давра волидайн ба таҳияи ҷиҳози арӯс ва тайёрӣ ба хароҷоти тӯй машғул мешуданд. Зоҳиран вохӯрии ҷавонон гӯё пинҳонӣ сурат мегирифт, аммо дар асл падару модарон барои ҷавонон ин имконро муҳайё месохтанд.
Масалан, дар ноҳияи Мастчоҳ пеш аз шинос кардани ҷавонон, дар рӯзи муайян, домод бо ҳамроҳии мӯйсафеде ба хонаи арӯсшаванда меояд. Домод бо худ туҳфа меорад. Баъд ба сари арӯсшаванда рӯмоле пӯшонда, яке аз хешовандони арӯс назди домодшаванда арӯсро дароварда, дар паҳлуи домод мешинонад. Мӯйсафед дасти дуо бардошта фотиҳа медиҳад, зани ҳамроҳи арӯс ба хона даромада, ҳазориспанд дуд мекунад, то ки ба онҳо чашми бад нарасад. Дар ин ҳангом аз фурсат истифода бурда домод ба таври рамзӣ оҳиста пойи арӯсро зер мекунад, ки маънояш домод баъди ба зиндагии мустақи¬лона оғоз намудани онҳо сардори оила ва ҳимоятгари он гардад. Баъд аз ин ҷавононро танҳо мегузоранд ва ба рӯйи дастархон хӯришҳои гуногун меоранд. Домод ба он зан, ки онҳоро ба ҳам шинос кард, туҳфае мебахшад. Пас аз каме суҳбат баъди шиносоӣ, домод ба хонааш меравад, лек онҳо метавонанд то рӯзи никоҳ, дар оянда, бо ҳамдигар дидорбинӣ (вохӯрӣ) карда истанд. Дар Исфараву Шаҳристон мардум Бахшидабозиро айёми ширини ҳаёти ҷавонон шумурда гуфтаанд: «Нисбатбозӣ нисфи умр». Дар Қаротегину Дарвоз домод дар ҳар дафъаи омаданаш ба арӯс баъзе туҳфаҳо – кулчаву қанд, чормағзу себ, ойиначаву дастрӯмол ва ғ. меовард ва ҳангоми бозгашт ба хона ба ӯ низ аз тарафи хешу табори арӯс куртаву миёнбанд, тоқӣ, кулчаву шириниҳо ҳадя дода мешуд. Дар айёми Бахшидабозӣ домод дар хонаи падарарӯсаш ба баъзе корҳои ҳавлӣ, масалан кундакафонӣ (ҳезумшиканӣ) ёрӣ менамуд. Бахшидабозӣ яке аз одатҳои қадимии тоҷикон буда, дар асарҳои классикӣ, мисли «Лайлию Маҷнун», «Фарҳоду Ширин», «Вомиқу Азро», «Варқаву Гулшод» ва ғ. тасвир шудааст. Фахриддини Гургонӣ дар «Вису Ромин» расми Бахшидабозиро баён карда, барои ифодаи он калимаи «қинғолагӣ»-ро ба кор бурдааст.
- Ки он ҷо пиру барно шодкоранд,
- Ҳама қинғолагиро ҷон супоранд.
Дар фолклори тоҷик низ симои духтари қинғола ба назар мерасад.
- Гандум лола, миёни гандум лола,
- Ошиқ шудаам ба духтари қинғола...
Адабиёт
вироиш- Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. - Душанбе, 1978;
- Таджики Каратегина и Дарваза. Вып. 3. - Душанбе, 1976;
- Шарифова М. Маросимҳои тӯи арӯсии мардуми ноҳияи Мастчоҳ.- Душанбе, 2005;
- Ҷумъаев Р. Ҷашни арӯсии тоҷикони водии Ҳисор.- Душанбе, 2001.
Манбаъ
вироиш- Бахшидабозӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.