Бахшулло Ҷумъаев
Ҷумъаев Бахшулло Боқиевич (10 сентябри 1960, деҳаи Каздон, ноҳияи Айнӣ) — зистшинос, доктори илми биология (2000), узви вобастаи АМИТ.
Зиндагинома
вироишХатмкардаи (1987) факултаи химияю биологияи Институти давлатии педагогии Душанбе аст. Дар ҳамин ҷо муддате ба сифати лаборанти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ кор карда, аз соли 1988 дар Пажӯҳишгоҳи физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ Тоҷикистон фаъолият менамояд. Вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ (1988—2002) иҷро карда аз соли 2002 сарходими илмии озмоишгоҳи биохимияи фотосинтези Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи АИ Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон ба ҳайси дотсенти кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Ибни Сино хидмат менамояд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ; Зери таҳрири Сайфидин Назарзода. — Душанбе, 2016. — 720 с.