Бачадон (лот. uterus)

Бачадони ҳайвонот

вироиш

Лундакирмҳо, бандпоён, нармбаданон, бештари муҳрадорони дараҷаи паст (баъзеи моҳиёни тағоякдор ва ҳамаи моҳиёни устухондори зиндазо), як қисми обхокиҳо ва аксари хазандагон, парандагон ва ҳамаи ширхӯрон бачадон доранд. Дар бачадон-и хазанда ва парандагон тухми расида муваққатан ҷойгир мешавад. Дар бачадон-и ҳайвоноти зиндазо ё аз ҳисоби моддаҳои ғизоии тухм, ё аз ҳисоби моддаҳои ғизоии организми модар, ки ба воситаи машима (ҳамроҳак) ворид мешаванд, инкишофи ҷанин ба амал меояд. Сохти бачадон-и ширхӯрон гуногун аст. бачадон-и мақъаддорон (мурғобинӯл, ехидна) ҷуфт буда, ҳар якеаш алоҳида ба клоака кушода мешавад. бачадон-и халтадорон (кенгуру ва ғайра) ҷуфт аст ва ҳар якеаш ба маҳбали махсус кушода мешавад. бачадон-и ширхӯрони машимадор ҷуфт, тоқа ва мобайнӣ мешавад. Аз ҷиҳати чӣ гуна васл шудани тухмраҳа бачадон 4 навъ мешавад: бачадон-и дучанд (дар баъзе хояндагон, фил ва ғайра), дуқисма (дар баъзе хояндагон, жовандагон, дарандагон), душоха (дар дарандагон, ҳашаротхӯрон, китшаклон, ҷуфтсумон ва тоқасумон), одӣ (дар бештари болдастҳо, маймун ва одам).

Адабиёт

вироиш