Баёз
Баёз, баёзча (ар. بیاض — байз, сафед) — дар адабиётшиносӣ, дафтаре, ки дар он шеърҳои тоза ва гузидаи як ё чанд шоир ҷамъ оварда шудааст
Дар луғат баёз ба маънои сафедӣ, коғаз, дафтари мусаввада, дафтари дастнавис, дафтари нонавишта ва ғ. омадааст. Чун истилоҳи адабиётшиносӣ маҷмӯаест, ки дар он дӯстдорони адабиёт, адибони касбӣ, шоирону нависандагон ашъори писандидаашонро ҷамъ меоварданд ва он ба шакли маҷмӯа, китоб ё китобчае сурат мегирифт. Дар оғози пайдоиш теъдоди коғази сафедро, ки аз арз ба ҳам дӯхта ва бо чарм ҷилдбандӣ шуда буданд, баёз мегуфтанд. Котиб он авроқро бо худ дошт. Пас аз дарёфти матлаби муҳимме онро ба коғазҳояш сабт мекард. Минбаъд он авроқи пур аз навишта ва ёддошт низ баёз ном гирифт. Баёзсозӣ дар асрҳои миёна оғоз ёфта, ба ҳукми анъана даромад ва то асрҳои 18-19 ривоҷ ёфт. Дар садаи XIX, пас аз пайдо шудани дастгоҳҳои чопӣ баёзҳои чопӣ низ пайдо ва мунташир гардиданд. Баёзҳо навъҳои гуногун доранд. Дар баъзе аз онҳо намунаҳои ашъори шоирон — ғазалҳо, қасидаҳо, қитъаҳо ҷамъ оварда шудаанд. Баёзҳое ҳастанд, ки матлаи ғазалиёту қасоиди шоиронро дар бар мегиранд. Бар хилофи тазкираҳо дар баёз зиндагиномаи шоирон оварда намешавад. Дар баъзе баёз-ҳо дар овардани номи шоирон тартиби алифбо риоя гардидааст. Баёзҳо чун маҷмӯаи ашъор аҳаммияти хос доранд. Ба воситаи онҳо ашъори баъзе шоирони гумноми асрҳои гузаштаро, ки ба шакли девон ё маҷмӯае надаромадаанд ва ё девонашон, ки то ҳол пайдо нагардидааст ва ё аз байн рафтааст (мас., Парии Ҳисорӣ, Исо-махдум, Ҳасрат, Саҳбо, Савдо ва диг.) гирдоварӣ, барқарор ва бозсозӣ намудан мумкин аст.
Дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ беш аз 140 баёз зери рақамҳои пайдарҳами 1509—1645 нигаҳдорӣ мешаванд. Баёзҳои ашъори шоирони форс-тоҷик дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон (мас., зери рақами 279 «Баёзи Савдо»), дар Китобхонаи Музейи Британия (зери рақами Add. 16, 802 «Баёзи Абдуқодири Бедили Деҳлавӣ») мавҷуданд. Китоб ё китобчаеро, ки дар он матолибе судманд аз қабили дуо, оятҳои Қуръон, калимаву ибораҳо, ҷумлаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ, пандомӯз сабт мегардиданд, низ баёз мегуфтанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1, М., 1968;
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1, Д., 1988;
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.