Баёзи Шашмақом (Китоб)
Баёзи Шашмақом. /Муҳаррир М. Акбарзод. – Душанбе. – 2007 с.
Мундариҷа
вироишБори аввал дар заминаи нусхаҳои хаттии Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон ва Эрон матни (назми) баргузидаи шоҳкории шеърию мусиқии устодонаи тоҷикон “Шашмақом” таҳия ва пешкаши дӯстдорони ҳунарҳои зебо мешавад. Назми баргузидаи ин шоҳкории бадеӣ бар пояи нусхаҳои мӯътамади хаттӣ, ки дар оғози садаи ХVlll ва ибтидои асри ХХ дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухоро, Самарқанд, Марву Миёнколот тавассути донандагони назму наво, хаттотони чирадаст тадвин гардидаанд, мураттаб шудааст. Таърихи таҳаввули баёз ва баёзнигории мусиқӣ (хосатан мақом ва мақомхонӣ) то кунун дар иртибот бо нусхаҳои хаттии бозмонда пажӯҳиши фаннӣ нашудаанд. Аз ин рӯ солҳои охир доир ба таърихи ташаккули манзумаҳои мусиқӣ (мақомҳо) дар Тоҷикистону Ӯзбекистон фикру хулосагириҳои гуногун рӯи кор омаданд, ки то ҷое аксари навиштаҳо баёнгару ҷавобгӯи воқеияти таърихию илмии ташаккули куллиёти назми ин шоҳкории шеърию мусиқӣ нестанд.
Тақризҳо
вироишДонистаниҳо
вироишКитоби Баёзи Шашмақом. /Муҳаррир М. Акбарзод. – Душанбе. – 2007 с. дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.