Баёния (ар. بیانیه‎), иттилоия, манифе́ст (аз дерлот. manifestum — «даъват») — навишта ва хабари расмӣ. Хабари расмӣ дар бораи гуфтушунид ва созишномаҳои байналмилалӣ, дар бораи воқеаҳои муҳимми ҳаёти дохилии мамлакат, анҷуманҳои илмӣ, маҷлисҳо, қарорҳо, рафти амалиёти ҷангӣ ва ғ.

Манифест, муроҷиатномаи хаттии ҳокимияти олӣ ба аҳолӣ дар хусуси ягон воқеаи муҳим; муроҷиатномаи ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба аҳли ҷамъият, ки дар он ақида, барнома, таклиф ва қарордоди худро баён мекунанд[1].

Дар муносибатҳои байналмилалӣ баёния хусусияти амали яктарафа ё изҳороти муштараки ширкаткунандагони гуфтушунид бо натиҷаҳои мусбати гуфтушунид, ё ихтилоф, ё ақидаи махсуси яке аз ширкаткунандагони гуфтушунид шуда метавонад. Баёнияи муштарак шартномаи байналмилалӣ нест, лекин метавонад қароре дошта бошад, ки ширкаткунандагон онро шартномаи байналмилалӣ ҳисобанд. Агар дар баёнияи гуфтушунид созишномаи матнаш мувофиқашуда дохил гардида, шакли диг. расмӣ надошта бошад, он гоҳ ҳамчун шартномаи байналмилалӣ дониста мешавад.

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Д.: ЭР-граф, 2009. — С. 275

Сарчашма

вироиш