Баёнқул Облоқулов
Баёнқул Облоқулов (зод. 15 марти 1939, деҳаи Моғиён , ноҳияи Панҷакент) — ҳунарпешаи теартр ва овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1978).
Таърихи таваллуд | 15 март 1939 (85 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Моғиён , ноҳияи Панҷакент |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1978) |
Зиндагинома
вироишОмӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷандро (1962) ба поин оварда, дар ноҳияи Панҷакент ба сифати директори Мактаби мусиқӣ, директори Хонаи маданият, роҳбари мусиқии Театри халқӣ кор кардааст. Ба дилбохтагони санъат овози хушу форамаш солиён боз лаззати маънавӣ мебахшад. Ба интихоби шеър, мазмун, оҳанг диққати хос медиҳад. Хусусан сурудҳои классикиро бо шавқи зиёд мехонад. «Вафо бошад», «Лаъли хандонам ба ҷон», «Теғи нигоҳ», «Дугоҳ», «Тоҷикистон», «Ба чашм», «Субҳи дигар», «Ормони дил», «Дӯстӣ», «Интизорӣ», «Илоҷам чист» аз беҳтарин таронаҳояш ҳастанд. Дар пйесаҳои Театри халқии ноҳия як силсила нақшҳои хотирмон бозидааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.