Баёти Турк
«Баёти турк» (форсӣ: بیات ترک) — аввал, шуъбаи дуюми мусиқист дар дастгоҳи (мақоми) «Шӯр»-и эронӣ, ки гӯшаҳои «Даромад», «Қатор» ва «Файлӣ» низ ба таркиби он дохил мешаванд; дувум, гӯшаи панҷуми шуъбаи «Даштӣ», ки мансуби дастгоҳи «Шӯр» (бо номи «Баёти Хурд») аст. Байни гӯшаҳои «Габрӣ» ва «Шаҳноз» садо медиҳад. «Баёти Турк» оҳанги муассири ҷаззоб буда, ба шунаванда лаззати рӯҳӣ мебахшад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- دکتور برکشلی. ردیف موسقئ ایران. تهران، ۱۳۹۱
Сарчашма
вироиш- Баёти Турк // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.