Ҳамид Бақозода
Ҳамид Бақозода (5 майи 1910, Самарқанд – 16 сентябри 1943, дар оромгоҳи деҳаи Русинои ноҳияи Корочевскийи вил. Орлови Федератсияи Россия мадфун аст) — публитсист, омӯзгор ва муҳаққиқи тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар ҶБВ (1941–45) ба шаҳодат расидааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, дар Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ва Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд таҳсил кардааст.
Фаъолияти корӣ
вироишАз 14-солагӣ ба кори рӯзноманигорӣ ва омӯзгорӣ машғул шудааст. Фаъолияти омӯзгории Ҳамид Бақозода солҳои 30 садаи 20 дар мактаби миёнаи собиқ вил. Ӯротеппа (1925), Комбинати педагогӣ, Омӯзишгоҳи педагогӣ, Техникуми педагогии ба номи Баумани Самарқанд ва Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент ҷараён ёфтааст. Яке аз мухбирони фаъоли рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», маҷаллаҳои «Раҳбари дониш», «Мактаби советӣ» ва корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд. Бо имзоҳои «Ҳуттӣ», «Як ҷавони тоҷик», «Тоҷик», «Тоҷикдӯст», «Ҳ. Бақозода» ва ғ. мақолаҳо менавишт. Аз 14 окт. 1924 то 30 дек. 1930 танҳо дар рӯзномаи «Овози тоҷик» бо имзоҳои мустаор зиёда аз 900 номгӯй навиштаҳои ӯ ба табъ расидаанд. Дар с-ҳои 1931–41, то вақти ариза дода, ихтиёран ба ҶБВ рафтан, дар матбуоти солҳои 20–30 садаи 20 қариб 1000 мақола ба табъ расондааст. Оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ҳимояи манфиатҳои миллии халқи тоҷик ҳангоми тақсимоти ҳудудҳои миллии Осиёи Марказӣ ва ибтидои ташкилёбии ҶТ зиёда аз 30 мақолаи бунёдӣ навиштааст, ки «Дар арафаи мухторияти тоҷикон» (1924), «Барои маорифи тоҷикон» (1925), «Тӯдаи кашшофони тоҷикнажод ташкил гардид» (1925), «Аҳволи зироат дар Тоҷикистон» (1926), «Тӯдаи сиёсӣ дар маҳаллаи тоҷикони шаҳри Тошканд» (1927), «Ба забони маҳаллӣ риоя кунанд» (1928), «Адабиёти тоҷик ба омма наздик мешавад» (1929), «Конференсияи илмии тоҷикони Ӯзбекистон» (1930) ва ғ. дар он шуморанд. Муаллифи зиёда аз 100 мақола дар бораи мактабу маориф ва зиёда аз 30 китоби дарсӣ доир ба забону адабиёти тоҷикӣ мебошад. «Сарф» (ҳамроҳи Т. Зеҳнӣ, барои синфҳои 5-и мактабҳои миёна, 1935), «Машқҳои имлоӣ» (қ. 1, барои синфҳои 1 ва 2-и мактабҳои ибтидоӣ, 1936), «Забони тоҷикӣ» (барои мактабҳои чаласаводон, 1936–38) ва ғ. аз таълифоти ӯянд. Соли 1939 ба Сталинобод (Душанбе) омада, дар Институти таҳқиқоти илмии мактабҳо ва идораи маҷаллаи «Мактаби советӣ» кор кардааст. Дар рушди соҳаи маорифи тоҷик саҳми калон гузоштааст. «Китоби дарсии забони тоҷикӣ» (барои синфҳои 3 ва 4-и мактабҳои ибтидоӣ, қ. II, 1938–40), «Машқҳои имлоӣ» (барои синфҳои 3 мактабҳои ибтидоӣ, 1937–40), «Забони тоҷикӣ. Грамматика ва орфография» (барои мактабҳои чаласаводон, ҳамроҳи Ҳ. Каримов, 1941), «Китоби дарсии забони тоҷикӣ. Грамматика ва имло» (қ. IV, барои синфҳои 4-и мактабҳои ибтидоӣ, 1941) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Аз зумраи аввалин равшанфикрони тоҷик буд, ки баъди таъсиси «Рӯзи Рӯдакӣ» зарурати ҷашни умумихалқии Рӯдакиро қатъӣ ба миён гузошт: «Ҷашни шоири бузурғамон Абулҳасани Рӯдакӣ кай мешавад?» (1925), «Барои муассиси адабиётамон ҷашн лозим аст» (1925). Дар бораи устод С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ ва диг. адибони ҷавони тоҷик, масъалаҳои забон ва тарҷумаи бадеӣ дар ҳамон давра як силсила мақола навиштааст.
Ҷоизаву ҷоизаҳо
вироишСоли 1935 барои нишон додани фаъолиятмандӣ дар мубориза барои интизом ва сифати хуби таълим бо Ифтихорномаи Комб. педагогии Самарқанд ва унвони фахрии «Зарбдори панҷсолаи 2» мукофотонида шудааст. Расми Б. дар албоми аввалин хатмкардагони Техникуми педагогии тоҷикии ба номи Баумани Комиссиариати халқии маорифи ҶШС Ӯзбекистон дар Самарқанд (1931–34), дар қатори муаллимони беҳтарин ҷой гирифтааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Маорифпарваре аз насли сеюм (Мураттиб Ҷ. Бақозода). Д., 2011.
Сарчашма
вироиш- Бақозода Ҳамид / А. Маҳмадаминов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.