Бақои Тамошо
Бақои Тамошо ибни Мулло Қурбон (форсӣ: بقای تماشا; қарни XVII) — шоири тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишБо тахаллуси «Тамошо» ва «Маонӣ» шеър мегуфтааст. Шахси таҳсилдида, аз улуми мутадовили давр баҳраманд будааст. Дар маҳаллаи Мирсаид-Ошиқи Самарқанд зиста, ба касби баззозӣ (матоъфурӯшӣ) машғул будааст. Чун шоир ва шахси зарофатгӯй шуҳрат доштааст. Худро аз шогирдони Мирзо Бадеъи Ҷамолистонӣ (Ҷамолистон ба маънои Самарқанд аст) медонист. Дар давраи истилои Самарқанд аз ҷониби Анӯшахони урганҷӣ роҳи Ҳиндустонро пеш гирифта, баъдан ба Ҳиҷоз рафтааст. Аз вуҷуди девонаш иттилое дастрас нагардидааст. Абёти зерин намунае аз ашъори ӯянд:
Аз хонақаҳ шитоб ба майхона дар баҳор,
Сархуш нишин ба соқию паймона дар баҳор!
Барги шукуфа нест, ки дар ҷустуҷӯйи шамъ
Парвоз мекунад пари парвона дар баҳор.
Чандон ки завқи хандаи миност дар дилам,
Дорам хумори гиряи мастона дар баҳор!
Чор аст рукни айши Тамошо, ҷуз ин махоҳ,–
Ашъору боғу соқию майхона дар баҳор.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бақои Тамошо / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Суханварони Сайқали рӯи замин. Д., 1973.