Бақо (тасаввуф)
Бақó (ар. بقا – ҷовидонӣ, абадӣ ва поянда) — дар тасаввуф зинаи охирини тариқат ё ҳадафи ниҳоию мақсади олии сайри маънавии суфиён, ё мақоми баъди фано[1].
Таълимот
вироишМувофиқи ин таълимот, барои ба мақоми бақо расидан солики роҳи ҳақиқат бояд худро аз тамоми олоиши дунявӣ ва сифати башарӣ озод сохта, омири нафси худ шуда, аз тамоми хислатҳои манфии инсонӣ вуҷуди худро пок карда, ба авсофи ҳамида ороста гардад. Дар натиҷаи ин, аз рӯйи таълимоти аҳли тасаввуф, дар табиати суфӣ ҷиҳати рӯҳонӣ бар ҳайвонӣ, ахлоқи ҳамида бар ахлоқи замима (бад) ғолиб меояд ва, бо ҳамин, мақоми фано ба охир расида, суфӣ ба мақоми бақо мерасад ва марҳалаи бақо баъд аз фано оғоз шуда, бақои абадӣ ҳосил мешавад.
Мафҳум
вироишАввалин касе, ки роҷеъ ба мафҳуми бақо ва нисбати он ба фано сухан гуфтааст, Абусаиди Харроз мебошад. Суфиён дар бораи бақо, вобаста ба дарку фаҳм ва ҳолоту чигунагии хусусиятҳои таълимоташон, таърифҳои гуногун додаанд. Масалан, Абулқосими Қушайрӣ бақоро иборат аз таҳсили авсофи писандида, чунонки фаноро зудудану фонӣ кардани авсофи мазмум муаррифӣ кардааст, парҳез аз афъоли накӯҳидаро, ки дар забони шариат фонӣ шудан аз шаҳват ном дорад, муолиҷаи хӯйи хеш аз ҳасад, кина, бухл, такаббур ва дигар авсофи нописандидаро муқаддимаи расидан ба сарманзили бақо донистааст, ки бо сидқу футувват ҳосил мегардад. Абдурраҳмони Ҷомӣ мегӯяд, ки «бақо иборат аз бидояти сайр фӣ-л-аллоҳ чӣ сайр-ил-аллоҳ вақте мунтаҳӣ шавад, ки бодияи вуҷудро ба қадами сидқ якборагӣ қатъ кунанд ва сайр фӣ-аллоҳ он гоҳ мутаҳақ-қақ шавад, ки бандаро баъд аз фанои мутлақи вуҷудӣ зоти пок аз он олудагиҳо ба даст оварад ва ба авсофи илоҳӣ мутассиф шавад». Назарияи фанову бақо, то андозае, урфу одат, баъзе аркони шариат, биҳишту дӯзахро инкор карда, роҳи ягонаи ба ҳақ наздикшавиро дар ишқу муҳаббат ва кӯшишу ғайрати ҳар як фарди алоҳида медид. Вале, азбаски ин таълимот мардумро ба гӯшанишинӣ ва зуҳду тақво даъват мекард, дар таърихи афкори ҷамъиятӣ нақши манфӣ бозидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- فریدالدین عطار. تذکرة الاولیاء. بمبئی، (بی سال نشر)؛
- عبدالرحمن جامی. نفحات الانس/ به تصحیح و مقدیمۀ مهدئ توحیدپور. تهران، ۱۳۳۷ هـ. ق؛
- دائرة المعارف تشیع. ج. ۳. تهران، ۱۲۵۷ هـ.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.