Кайбаҳман

писари Исфандиёр
(Тағйири масир аз Баҳман (Шоҳнома))

Баҳман (форсӣ: بهمن‎) — писари Исфандиёр, аз подшоҳони каёнӣ. Ӯ пас аз Гуштосп шоҳи Эрон шуд. Ба сабаби ҷангҳои фотеҳона бо милали дурдаст, ӯро Дароздаст лақаб додаанд, ки ба маънои он касе аст, ки дасти қавӣ ё бахшанда дорад. Баҳман бо инки писари Исфандёр буд, аммо ойини мутафовите бо падару ниёгонаш дошт, далели ин тағйири ақида ҳам ин буд, ки Баҳман тавассути Рустам парвариш ёфт ва дини Рустам бо дини хонадони Луҳросп, мутафовит буд.

Кайбаҳман
Шаҳрвандӣ
Фарзандон Ҳумойи Чеҳрзод
Фарҳанг Эрони Бузург
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар Шоҳнома

вироиш

Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ Рустам пас аз куштани Исфандёр вайро барои тарбия ва парвариш бо худ гирифт. Баҳман дар даргоҳи Рустам ба камол расид. Сипас, Рустам номае ба Гуштосп навишта, ӯро аз Баҳман огоҳ кард. Баҳман пас аз Гуштосп ба тахти шоҳӣ расид. Ӯ баъди марги Рустам барои хунхоҳии падар ба Систон ҳуҷум карда, ганҷҳои хонадони Рустамро ғорат кард ва Золро асир гирифт. Фаромарз — писари Рустам ба дасти вай кушта шуд. Пас аз шунидани панду андарзҳои дастур Башутан аз куштору ғоратгарии худ пушаймон шуд ва Золро озод кард. Дар ин боб Фирдавсӣ чунин меорад:

Чу бишнид шоҳ аз Башутан сухан,
Пушаймон шуд аз кардаҳои куҳан.
Хурӯше баромад зи пардасарой,
Ки «Эй паҳлавонони бододурой,
Басичидани бозгаштан кунед,
Мабодо, ки тороҷу куштан кунед».
Бифармуд, то пойи Дастон зи банд
Кушоданду доданд бисёр панд.
Тани куштаро дахма карданду ҷой
Ба гуфтори дастури покизарой.

Саргузашту корномаҳои Баҳман мавзӯи баҳси достони ҳамосии «Баҳманнома» мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 1-9. — Д., 2007—2010.