[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


Баҳодур, Тудун
БАҲОДÈР Тудун
Пеша яке аз ҳокимони вилоят Чоч

Баҳодур (форсӣ: بهادر‎) Тудун (Тутун) (с. таваллуд ва вафот номаълум), яке аз ҳокимони вилоят Чоч. Дар маъхазҳои таърихӣ (алалхусус хитойӣ) бо номи Моҳэду Тутун зикр шудааст. Ҳангоми ҳуҷуми Қутайба ибни Муслим ба Фароруд (706), Баҳодур ҳокими Чоч буд ва дар Бинкент қароргоҳ дошт. Солҳои 712–713 ҳокимони Суғд, Чоч, Фарғона ва Хоқони турк муқобили ғосибони араб иттиҳод бастанд. Деваштич – ҳокими Суғд ба назди Баҳодур сафири худ Фатуфарнро фиристод ва номае барояш навишт. Мақсад аз ин кор ташвиқоти мубориза алайҳи арабҳо буд. Дар ин гузориш (нома) Фатуфарн ба Деваштич «Хоҷа»-гӯён муроҷиат карда, аз ҷумла менависад: «Хоҷа, ман ба ҳузури ҳукмрони Чоч расидам. Ва ман, хоҷа, номаро супурдам ва он чи ки қарор буд, шифоҳӣ бигӯям, тамом ва бе каму кост ба Тудун ва ёвари ӯ. Нома ва ҷавобро гирифтам... Ва Тудун мувофиқи аҳдномаи сулҳ бо арабҳо ақибнишинӣ кард. Ва аз рӯйи овозаҳо ёвар аз ин аҳдномаи сулҳ хеле ғамгин аст ва аз ту ба хотири он ки ба наздат ҳозир нашуд, ҳарос дорад». Гузориши махфии Фатуфарн аз Чоч ба Деваштич мусодиф ба с. 713 буда, дар шумори санадҳои муҳимми таърихии аз кӯҳи Муғ ёфтшуда мебошад, ки то кунун ҳифз гардида, баёнгари вазъияти фоҷиабори он давр ба шумор меравад. Қутайба ибни Муслим с. 614 Чочро тасарруф кард ва ба қароргоҳи асосии худ табдил дод. Адабиёт: Лившиц В. А. Юридические документы и письма (Согдийские документы с горы Муг). Чтение, перевод и комментарии В. А. Лившица. М., 1962; Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М., 1972. Ҳ. Камол.

Сарчашма

вироиш