Баҳодур Миралибеков
Баҳодур Миралибеков (зод. 21 апрели 1950, деҳаи Поршинев, ноҳияи Шуғнон, ВМКБ) — ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2012)[1], барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ (2010).
Баҳодур Миралибеков | |
Таърихи таваллуд: | 21 апрел 1950 (74 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Шуғнон |
Касб: | ҳунарпеша |
Ҷоизаҳо: |
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2012) |
Зиндагинома
вироишБаҳодур Миралибеков 21 апрели 1950 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1973) дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба фаъолият оғозид ва аз саҳнаи он дил наканд
Ба сифати устоди Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода шогирдонро маҳорати актёрӣ омӯзондааст.
Театр
вироишДар спектаклҳои «Ғуруби аҷам», «Кабки қафас», «Сайхуни мафтуншуда», «Куруш ва Томирис», дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳои «Шабпаракҳои озод», «Бедонаҳо», «Соҳибаи меҳмонхона», «Тахайюли бешагӣ», «Ишқи парӣ», «Шаби охирини Суқрот», «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Маро танҳо магузор», «Ишқ ва шамшер», дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хоруғ «Отелло», «Амир Исмоил», «Шоҳ Носири Хусрав» ба саҳна гузошт. Дар кинои тоҷикӣ «Садои суруди рӯи барф», «Ашк ва шамшер» (4 қисм), «Ҷанҷолҳои хурди шахри калон», дар киностудияи дигар давлатҳо: «Одаме, ки мусоҳиба мегирифт», «Нома», «Шабпараки шабона» (ҳар се «Белорусфилм»), «Афғонписар» (киностудияи ба номи Довженко), «Шикасти афғон» («Ленфилм»), «Гумшуда дар Сибир» («Мосфилм»), «Ҳалима» («Туркманфилм») ва ғайра нақш бозидааст. Дар дубляжи беш аз 500 филм ба забони тоҷикӣ иштирок намудааст[1].