«Баҳористони сухан» (форсӣ: بهارستان سخن‎) — асари донишманд ва ходими давлатии Ҳиндустон Мир Абдурраззоқ мулаққаб ба Самсомуддавла Шоҳнавозхон (1700—1760), ки тавсифи улуми адабӣ, зиндагиномаи шоирон ва намунаҳои ашъори онҳоро фаро мегирад.

Таълифи асар соли 1747 ба поён расидааст. Баъдан писари муаллиф Мир Абдулҳай мукаммал намуд. Ин асар аз муқаддима, 12 боб ва хотима иборат аст. Дар бобҳои 1-7 аз таърихи пайдоиши каломи манзум ва шеъри форсию арабӣ, арӯзу қофия, санъатҳои бадеӣ ва муаммову луғаз сухан меравад. Дар бобҳои 8-11 муаллиф аз илми иншо, хат, қоидаҳои луғати форсӣ ва ғайра баҳс оростааст. Боби 12 ба шакли тазкира сохта шуда, шарҳи ҳол ва намунаҳои ашъори 130 нафар шоири пешин ва муосири муаллифро дар бар гирифтааст. Ин боб¬ро муаллиф ба 5 табақа ва хотима тақсим кардааст. Бо номи Фирдавсӣ оғоз ёфта, бо қозӣ Муҳаммадсолеҳи Даканӣ анҷом ёфтааст. Муаллиф маълумотро дар бораи шоирон аз маъхазҳо (тазкираҳо)-и пешин гирифтааст. Шарҳи ҳоли аксари шоирон кӯтоҳ оварда шудааст. Аз шоирони маъруф намунаҳои камтар, аз шоирони нисбатан номаълум намунаҳои бештар овардааст. «Баҳористони сухан» соли 1958 дар Ҳиндустон ба табъ расидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • نقوی سعید علی رضا. تذکیره نویسئ فارسی در هند و پاکستان. تهران، ۱۳۴۷