[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАҲОРИЯ (порсӣ: بهاریه) навъи шеърест, ки дар шаклҳои гуногун – ғазал, қасида (қисми ташбиб), рубоӣ, дубайтиҳои китобӣ ва халқӣ, қитъа, мусаммат, мураббаъ ва ғ. дар васфи баҳор, фаро расидани он, зинда шудани табиат, расидани мавсими гулу лола, хониши мурғон, оғози киштукор, вазидани насими баҳорӣ, шилдирроси оби ҷӯйборон, рақси себаргаҳои лаби ҷӯй, мавҷи майсазорон, либоси сабз ба бар кардани кӯҳу дашт, гул кардани дарахтон, боридани борони найсон ва ғ. навишта мешавад. Аксар Баҳорияҳо бо ҷашни Наврӯз, ки дар фасли баҳор фаро мерасад, робитаи зич доранд. Аз ин ҷост, ки ашъори Баҳорияро шеърҳои наврӯзӣ низ мегӯянд. Сурудани Баҳория дар таърихи адабиёти форс-тоҷик аз замони қадим, аз оғози адабиёти классикии форс-тоҷик (а. 9) шурӯъ шудааст (дар адабиёти пешазисломӣ ашъори лирикӣ, мавзӯъ ва оҳангҳои лирикӣ ба назар намерасанд). Нахустин Баҳорияҳо ва ашъори наврӯзӣ ба қалами Рӯдакӣ тааллуқ доранд:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб...

Дар а. 11, ки давраи Унсурию Фаррухию Асҷадӣ ва дигар аст, ашъори Баҳория, васфи Наврӯз (дар он замон ҷашн гирифта мешуд) ривоҷ ёфт. Дар тӯли таърихи ҳазорсолаи адабиёти форс-тоҷик Баҳорияҳоро дар эҷодиёти Робиаи Балхӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мушфиқӣ, Ҳилолӣ, Саййидо то Айнии шоир («Сайри гули сурх») Қоонӣ, Баҳор ва дигар пайдо метавон кард.

Дар пайравӣ аз Баҳорияҳои адабиёти классикии форс-тоҷик, инчунин шоирони муосири тоҷик бо илҳом гирифтан аз давру замони худ дар баробари ашъори дар мавзӯъҳои гуногун эҷодкардаашон ба Баҳория низ муроҷиат кардаанд. Баҳорияҳои хубу хушоҳанге дар эҷодиёти А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, Ҳ. Юсуфӣ, Б. Раҳимзода, М. Раҳимӣ, М. Фарҳат, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Меҳмон Бахтӣ, Бозор Собир, Гулназар, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур ва дигар ба назар мерасанд. Намунаҳо аз Баҳорияҳои М. Турсунзода:

Парда бикшод баҳор аз рухи зебоманзар,

Баст сармои зимистон зи Ватан рахти сафар.

Назар афтод маро сӯйи гулу лолаи боғ,

Ҳама ороста дидам, ҳамаро тозаву тар.

Бӯйи хуш медамаду боди сабо меорад

Ба машоми ман аз он накҳати ҷонбахш хабар...

                       ...

Баҳор омад, садои булбул омад,

Насими фораму бӯйи гул омад.

Либоси сабзро саҳро ба бар кард,

Кулоҳи сап-сафед олу ба бар кард.

Имрӯз (даҳаи якуми а. 21) Баҳория дар адабиёти муосири тоҷик вобаста ба ҷашни Наврӯз, ки аз ҷониби СММ ҷаши байналмилалӣ эълон гардидааст, ривоҷу равнақи тоза пайдо кард.

Баҳория дар насри муосири тоҷик низ вомехӯрад. Тасвири манзараҳои табиат дар нигоштаҳои С. Айниро нахустин Баҳорияҳои мансури тоҷикӣ метавон гуфт. Дар эҷодиёти ҳар яке аз насрнависони тоҷик тасвири баҳор ба назар мерасад. Намунаи хуби Баҳория ба Ҳаким Карим тааллуқ дорад. Қаҳрамони яке аз ҳикояҳои ӯ ба баҳор ҳисси бадбинӣ ва нафрат дорад, чунки дар ин фасл падари гуруснааш дар сари замини кишт мефавтад. Вале пас аз он ки замона дигар мешавад, давраи серию пурӣ фаро мерасад, ӯ баҳорро хуш истиқбол мегирад:

Биё, баҳор!

Марҳабо!

Биё, то ки ман акнун ба ту таронаи одами озод, таронаи саодатро суруда, заминҳои зарбахши колхозамонро биронам.

Биё, ки офтоби тилогунат роҳи тракторамро равшан кунад!...

Баҳор!

Марҳамат ба баҳористон!

Дар адабиёти муосири тоҷик баъзе қаламкашон бо номи тарона ҳикояҳои хурди лирикӣ эҷод менамоянд, ки дар миёни онҳо таронаҳо дар васфи баҳор низ вомехӯранд.

Адабиёт

вироиш

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. Д., 2007; Турсунзода М. Осори мунтахаб. Ҷ. 1. Д., 1981; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988. Ҷ. Саидзода.

Адабиёт

вироиш