Баҳори Аҷам
«Баҳори Аҷам» (форсӣ: بهار عجم) — фарҳанги тафсирии форсист, ки соли 1739 Рой Лоло Текчанди Баҳор таълиф кардааст.
Нависанда | Лола Тикчанди Баҳор |
---|---|
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
Таърихи интишор | 1739 |
«Баҳори аҷам» беш аз 25000 моддаи луғавиро дар бар мегирад. Ин моддаҳои луғавӣ — саркалимаҳо дар фарҳанг аз рӯйи тартиби алифбои арабии форсии тоҷикӣ ҷой дода шудаанд. Чунонки дар пешгуфтори асар омадааст, Баҳор калимаҳову истилоҳотро аз девонҳо, маснавиҳои шоирони гузаштаву муосиронаш гирифтааст. Дар маҷмӯъ 78 маъхазро зикр кардааст ва феҳристи онҳоро овардааст.
Тақрибан сеяки маводди дар фарҳанг шарҳу тафсиршударо ибораҳои озоду устувору рехта, таркибу қолабҳои гуногуни забон, зарбулмасалҳову мақолҳо ташкил додаанд. Дар ягон фарҳанги тафсирии пешина бадин миқдор ибораву таркибҳо, зарбулмасалҳову мақолҳо шарҳ наёфтаанд. Бадин ҷиҳат, баъзе муҳаққиқон «Баҳори аҷам»-ро фарҳанги ибораҳои рехта гуфтаанд. Пас аз шарҳи калимаву ибора як байт ё пораи шеъре омадааст, ки дар он калимаву ибора мавриди истифода қарор гирифтаанд. Мисол: «Оҳани сард кӯфтан — киноя аз ҳаракати лағв ва кори бефоида кардан. То ба кай бисмили мо бар дами теғи ту ҷаҳад, Оҳани сард касе чанд бикӯбад беҷо?! Фитрат». Дар ҷой додан ва шарҳи маънои калимаву ибораҳо ва истилоҳот Баҳор ду тарзи корро пеш гирифтааст: а) ибораҳову таркибҳо мисли калимаҳо моддаҳои алоҳидаи луғавиро ташкил додаанд. Масалан: «Боди бурут, киноя аз нахват ва ғурури махсуси мардон, чунонки боди гесӯ нахват ва ғурури хоси занон. Хоҷа Низомӣ: Шамъе, ки на аз ту нур гирад, Аз боди бурути худ бимирад…»; б) ҳангоми шарҳу эзоҳи маъно ва тобишҳои маъноии калимаҳо ибораву таркибҳои бо онҳо истеъмолёбанда як-як нишон дода мешаванд. Масалан: «Ришват — пора, яъне чизе, ки барои корсозии ноҳақ ба касе диҳанд ва бо лафзи додану гирифтан ва ситондану хӯрдан мустаъмал… Мир Хусрав: Он чи зи дасти ту даҳан мехурад, Ришват осоиши тан мехурад». Дар «Баҳори аҷам» аз осори беш аз 770 шоиру нависанда шоҳиди луғавӣ оварда шудааст. Шумораи мисолҳо аз шеър то ба 30 ҳазор байт мерасад. Умуман, шарҳи калимаҳову ибораҳо дар «Баҳори аҷам» дақиқиқу саҳеҳ, забони муаллиф фасеҳу равон аст. Мураттибони фарҳангҳои баъдӣ, масалан, муаллифи «Ғиёсу-л-луғот» аз он истифода кардаанд. «Баҳори аҷам» се чопи сангӣ дорад: с. 1866 дар ҳошияи «Ғиёсу-л-луғот» ва солҳои 1879, 1894 алоҳида.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳори Аҷам // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Сангинов А. Ибораҳои фразеологӣ дар фарҳанги «Баҳори Аҷам» // Ахбороти Академияи илмҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуъбаи фанҳои ҷамъиятӣ, № 1 (71), 1973.