Баҳоуддини Марғинонӣ (ваф. 1271)

Баҳоуддини Марғинонӣ (форсӣ: بهاءالدین مرغینانی‎; — 1271) — шоир ва давлатмарди форс-тоҷик.

Баҳоуддини Марғинонӣ (ваф. 1271)

Зиндагинома вироиш

Дар ноҳияи Марғинони Фарғона ба дунё омада, ба камол расидааст. Аз хонадони шайхулисломи Фарғона (аз сӯйи падар) ва аз сӯйи модар аз Туғонхотун — ҳукмрони Фарғона буд. Вазири дарбори Чағатой (ҳукмр. 1227—1251) Ҳабаш Амидулмулк ӯро ба хидмати Яйсу — фарзанди Чағатой гумошт. Баҳоуддини Марғинонӣ хидмати шоҳзодаро содиқона ба ҷой меовард ва соҳиби обруву эътибори баланд гардида буд. Ба қавли Атомалики Ҷувайнӣ муаллифи «Таърихи Ҷаҳонкушой», ки бо Баҳоуддини Марғинонӣ ҳамсуҳбат будааст, обрӯю эътибори Баҳоуддини Марғинонӣ боиси рашку ҳасад ва кинварзии дарбориён, аз ҷумла Ҳабаш Амидулмулк гардид ва баъди аз хонӣ барафтодани Яйсу ӯро ба тарзи намадмол ба қатл расондаанд.

Баҳоуддини Марғинонӣ шахси адабдӯст будааст. Дар даргоҳи ӯ шоирону адибон ҷамъ меомаданд ва маҳфили адабӣ меоростанд. Аз осори адабии Баҳоуддини Марғинонӣ ашъори дар анвои гуногуни адабӣ сурудааш ба тавассути тазкираҳо ва осори таърихӣ (мас., «Таърихи Ҷаҳонкушой») расидаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш