Баҳоуддини Матту (ар. بهاء الدین متّو‎, мутахаллис ба Баҳо, 1766—1832) — шоир, орифи форсизабони Ҳиндустон.

Баҳоуддини Матту
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Аз хонадони уламои Кашмир. Дар ҷавонӣ ба тасаввуф таваҷҷуҳ намуд. Донишҳои диниро дар назди Мулломаҳмуди Балхӣ омӯхт ва баъдан худаш ба муаллимӣ машғул шуд. Дар таърихи адабиёт ва дин ӯ чун тазкиранигори мутасаввифони мазҳабҳои гуногун ва муфассири ақоиди ирфонӣ маъруф аст. Ба қалами ӯ 5 маснавӣ тааллуқ дорад:

  1. «Ришинома» — дар шарҳи ҳолу зиндагии шайхҳои ҷараёни ришияи Кашмир иборат аз 4 ҳазор байт.
  2. «Султонинома» — зиндагиномаи султон-ул-орифин, Ҳамзаи Махдумӣ ва муридони ӯ (3400 байт).
  3. «Ғавсия» — шомили шарҳи ҳолу таълимоти Абдулқодири Гелонӣ ва муридони ӯ Абумадин, Ибни Арабӣ, Абуаҷиби Суҳравардӣ, Наҷмуддини Кубро ва диг. (5500 байт);
  4. «Нақшбандия» — шарҳи ҳоли бузургони силсилаи Нақшбандия.
  5. «Чиштия» — шарҳи ҳоли суфиёни Чиштия.

Адабиёт

вироиш
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. ج ۱۳. تهران،۱۳۸۳