Баҳри Баренс (норвегӣ: Barentshavet, то 1853 Баҳри Мурманс, Баҳри Рус, Мурман) — баҳри канории уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, байни соҳилҳои қоравии (материкии) Аврупо ва ҷазираҳои Вайгач, Замини Нав, Замини Франс Иосиф ва Шписберген ҷойгир аст. Ба шарафи баҳрнаварди ҳолландӣ В. Баренс номгузорӣ шудааст.

Баҳри Баренс
?
Характеристики
Наибольшая глубина600 м
Средняя глубина222 м
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

вироиш

Масоҳаташ 1424 ҳазор км², умқи миёнааш 222 м, ҷойи амиқтаринаш то 600 м. Ҷаз. бузургтаринаш Колгуев. Иқлимаш қутбию баҳрист (арктикӣ), зимистонаш дароз ва тобистонаш кӯтоҳи салқин. Дар қисми ҷан. ғарбии Б. аз таъсири ҷараёни гарми шохоби Нордкапи Уқёнуси Атлантик иқлим нармтар мегардад. Ҳарор. қабати болои об аз Ҷ. Ғ. ба Шим. Ш. паст; зимистон аз 3-50С то −1,90С, тобистон аз 8-90С то 1-20С. Дар ҷойҳое, ки яхпораҳои равон мавҷуданд, ҳарор. об паст мегардад. Шӯрии об дар Шим. 32-33 %, дар Ҷ. Ғ. қариб 35 %, дар ҷойҳое, ки обҳои уқёнуси Атлантик ворид мешаванд — дар баҳри Печора шӯрии об кам гашта, то ба 25 % мерасад. Резиши оби дарёҳо ба Б. дар як сол 163 км3 буда, 70 дарсади онро резиши дарёи Печора таъмин мекунад, ки аз ҳама бештар ҳангоми обхезиҳои баҳорӣ ба мушоҳида мерасад. Мадду ҷазри баҳр дар Б. мураттаб буда, баландии сатҳи об зимни дамидани он дар соҳилҳои нимҷаз. Колск то 3 м, дар Шписберген то 1-2 м ва дар соҳилҳои Замини Франс Иосиф то ба 0,4-0,5 м мерасад. Релйефи қаъри баҳр ноҳамвор, аз пастию баландиҳо иборат аст. Соҳилҳояш асосан фиордӣ ва баланду шахдор буда, бо халиҷу фиордҳои (халиҷҳои печ дар печи танг) зиёде бурида шудаанд. Халиҷҳои бузургтаринаш: Порсангер-фиорд, Варангер-фиорд, Мотов, Колск ва ғ. 3 халиҷи калони тунукоб дорад: Чёша, Печора ва Хайпудир. Б. асосан ях намебандад, қисми марказиаш дар фасли зимистон бо яхҳои шинокунанда рӯйпӯш мегардад. Танҳо дар қисми ғарбӣ ва ғарбу шарқии он тамоми сол яхро дидан мумкин. Ҳарор. миёнаи ҳаво дар февр. аз −250С, дар Шим. то −4°С, дар Ҷ. Ғ. авг. мувофиқан 00С ва 100С. Боришоти солона-250-500 мм.

Ҳайвонот

вироиш

Дар баҳр 110 намуди моҳӣ мавҷуд буда, аз онҳо 20 намудаш шикорбоб аст. Шикори шӯрмоҳӣ, равғанмоҳӣ, аломоҳӣ (окун), палтус, пикша, гулмоҳӣ, тездандон (зубатка) ривоҷ ёфтааст. Дар лаби ях косатка (навъи наҳанг), тӯдаи тюлленҳо ва делфини қутбӣ вомехӯранд. Соҳилҳои баҳр макони парандаҳост. Бандари бузургтарин ва яхнакунандаи Б. — Мурманск, инчунин бандарҳои Териберка, Индига, Нарйан-Мар (Россия), Вордё — (Норвегия) мавҷуданд. Омӯзиши илмии баҳр аз тарафи экспедитсияи Ф. П. Литке (1821-24) оғоз гардида, маълумоти муътамаду пурраи гидрологии аввалинро оид ба Б. дар оғози а. 20 Н. М. Книпович тартиб додааст.

Сарчашма

вироиш


Пайвандҳо

вироиш