Баҳри Зард
Баҳри Зард, Хуанхай — баҳри нимкушод дар Уқёнуси Ором, дар соҳилҳои шарқии Осиё, дар Ғ. нимҷаз. Корея. Дар Ҷ. бо Баҳри Шарқи Хитой ҳамсарҳад аст. Масоҳ. 417 ҳазор км2.
Характеристики | |
---|---|
Наибольшая глубина | 106 м |
Средняя глубина | 40 м |
Ҷойгиршавӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Умқаш аз 30 то 106 м (дар Шим.) (дар канортари Ҷ. Ш.). Халиҷҳои бузургаш: Бохайван, Ляодун, Кореяи Ғарбӣ. Ба Б. З. д-ҳои Хуанхэ, Хайхэ, Ляохэ, Ялусзян мерезанд. Соҳилҳояш дар Шим. ва Ғ. асосан паст, дар Ш. баланд, шахдор ва каҷу ноҳамвор. Аз июн то окт. тез-тез тӯфон мехезад. Ҳарор. об моҳи февр. дар Шим. Ғ. аз 0°С пасттар буда, дар Ҷ. 6°–8°С; авг. дар Шим. 24°С, дар Ҷ. то 28°С аст. Шӯриаш дар Шим. Ғ. аз 30 дарсад ва камтар аз он, дар Ҷ. Ш. то 33–34 дарсад тағйир ёфта, дар резишгоҳи дарёҳо то 26 дарсад кам мешавад. Қисми шим. ғарбиаш аз ноябр то март ях мебандад. Ранги оби баҳр тағйир ёфта, аз сабзи зардчатоб то сабзранги осмонӣ мешавад. Мадди баҳр номураттаб ва нимшабонарӯзист, баландии он дар соҳилҳои Корея то 9 м, дар ноҳияҳои дигар то 3–4 м. Шикори моҳӣ (равғанмоҳӣ, мормоҳӣ, симмоҳӣ, шӯрмоҳӣ), мидия ва садафак ривоҷ ёфтааст. Б. З. аҳаммияти зиёди нақлиётӣ дорад. Бандарҳои бузургаш: дар Хитой – Синдао, Вэйхай, Янтай, Тянсзин, Инкоу, Люйшун (Порт-Артур), Далян (Далний), дар Кореяи Ҷанубӣ – Инчхон (Чемулпо), дар УХДК – Нампхо.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳри Зард // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |