Баҳри Сибири Шарқӣ
Баҳри Сибири Шарқӣ (ёқут. Илин Сибиирдээҕи байҕал) — баҳри канории Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар байни ҷазираҳои Новосибир ва ҷазираи Врангел.
Характеристики | |
---|---|
Наибольшая глубина | 915 м |
Средняя глубина | 66 м |
Ҷойгиршавӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷуғрофиё
вироишДар қисми Ғ. ба воситаи гул-ҳои Дмитрий Лаптев, Санников ва Этерикан бо Баҳри Лаптев, дар Ш. ба воситаи гул. Лонг бо Баҳри Чукотка пайваст мешавад. Масоҳ. 913 ҳазор км². Умқи миёнааш 54 м, ҷойи амиқтаринаш 915 м. Ҷаз-ҳои бузургтаринаш: Новосибир, Айон, Медвежий; халиҷҳояш: Чаун, Колима, Омулях. Ба Б. С. Ш. д-ҳои Индигирка, Хрома, Алазея ва Колима мерезанд. Соҳилҳои баҳр аз яхҳои куҳнашуда ва бисёрсола иборат буда, обшавии бошиддати онҳо боиси вайрон ва дигаргуншавии шакли хатти соҳил мегардад. Иқлимаш арктикист. Тобистон ҳарор. об дар қисмати кушоди баҳр то 2-3°С, дар халиҷу гул-ҳо — 7-8°С, зимистон дар наздикии резишгоҳи дарёҳо 0,2-0,6°С, дар соҳилҳои шимолӣ аз 1,7 то −1,8°С мерасад. Шӯрии об аз Ҷ. Ғ. ба Шим. Ш. зиёд гашта, тобистон дар назди резишгоҳи Колима ва Индигирка ба 4-5 дарсад, зимистон дар қисми ғарбию шарқии баҳр ба 31-32 дарсад мерасад. Дар як сол даҳ моҳ яхбандӣ буда, тобистон танҳо минтақаи наздисоҳилиаш об мешавад. Ҳаҷми яхҳои соҳил дар минтақаҳои ғарбии баҳр то ба 400—500 км мерасад. Мадди баҳр мураттаби нимшабонарӯзист, баландии он асосан аз 0,25 м зиёд намешавад. Аз баҳр сафедмоҳӣ, аломоҳӣ, симмоҳӣ, голес, озодмоҳӣ, гулмоҳича, морж ва тюлен шикор мекунанд. Бандари асосиаш — Певек (халиҷи Чоун).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳри Сибири Шарқӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Шамраев Ю. И., Шишкина Л. А. Океанология. Л.: Гидрометеоиздат, 1979—1980
- Восточно-Сибирское море: энциклопедия / Моск. ун-т им. С. Ю. Витте; авт. и сост. И. С. Зонн, А. Г. Костяной, А. В. Семенов; под ред. акад. РАН Г. Г. Матишова. — М.: Междунар. отношения, 2014. — 173, [1] с.: ил., портр., карты. — Библиогр.: соли 171—172 (35 назв.). — 1000 экз.
Пайвандҳо
вироиш- Восточно-Сибирское море в книге: А. Д. Добровольский, Б. С. Залогин. Моря СССР. Изд-во Моск. ун-та, 1982.