Баҳри Сурх
Баҳри сурх (юн.-қад. Ερυθρὰ Θάλασσα Эритра Таласса, ар. البحر الأحمر Bahr el-Ahmar, ибрӣ: ים סוף Yam Suf, англ. Red Sea) — баҳри миёназаминии Уқёнуси Ҳинд, дар байни нимҷазираи Арабистон ва Африқо.
Характеристики | |
---|---|
Наибольшая глубина | 2 211 м |
Средняя глубина | 490 м |
Ҷойгиршавӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷуғрофиё
вироишДар соҳилҳои Б. С. Судон, Ҳабашистон (Эфиопия), Арабистони Саудӣ ҷойгиранд. Б. С. аз Шим. ба воситаи наҳри Суэс бо Баҳри Миёназамин, аз Ҷ. ба воситаи гул. Бобилмандаб бо халиҷи Адан ва Баҳри Араб пайваст аст. Дарозиаш аз Шим. ба Ҷ. аз 1932 то 2350 км, паҳнояш аз 350 то 360 км, масоҳ. 450 ҳазор км2, ҳаҷми об 251 ҳазор км3. Дар шим. баҳр ду халиҷ – Суэс ва Акаб мавҷуд аст, ки ба воситаи гул. Тиран ба Б. С. пайваст мешаванд. Умқи халиҷи Акаб то 1800 м. Б. С. яке аз софтарин, гармтарин (то 500С) ва шӯртарин (40–60 дарсад) баҳрҳои дунё мебошад. Иқлимаш гарми хушк, ҳарор. дар моҳҳои дек.–янв. аз +150С то +270С, июл аз +270С то 320С. Боришоти солона 28–217 мм. Б. С. моҳиҳои гуногун, делфинҳо, наҳанг ва ғ. дорад. Б. С. роҳи кӯтоҳтарини баҳрӣ байни мамлакатҳои Африқо, Аврупо, Осиё ва Австралия аст. Бандарҳои асосиаш: Суэс (Миср), Порт-Судон (Судон), Ҷидда (Арабистони Саудӣ), Массауа Ҳабашистон (Эфиопия), Ҳудада (Яман). Аз сабаби дар баҳр мавҷуд будани обсабзҳои сурхранг, онро Б. С. номидаанд.\
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳри Cурх // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Бухарин М. Д. Происхождение понятия «Красное море» // Вестник древней истории, 2009, № 3, стр. 46—63.
Ссылки
вироишБаҳри Сурх дар Викианбор |
- История Красного моря(англ.)