Баҳри кушод
Баҳри кушод — қисми Уқёнуси Олам, ки берун аз ҳудуди обҳои мансуби ин ё он давлат воқеъ буда, мавриди истифодаи тамоми давлатҳост.
Аз обҳои Баҳри кушод истифода бурдан тибқи қоидаи аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ – озод будани он ба амал бароварда мешавад. Дар асоси ин қоида ҳеч як давлат ҳуқуқ надорад, ки дар Б. К. ва фазои болои он ҳукмфармоӣ кунад. Ин қоида дар созишномаи ба Баҳри кушод бахшидашудаи Женева (1958) ва созишномаи СММ (1982) қонунӣ гардонда шудааст. Тамоми давлатҳо дар Баҳри кушод ҳуқуқи савдо ва киштигардии ҳарбӣ, моҳидорӣ, гузарондани хатти ноқил ва трубопроводҳо (хатти қубурҳо), ба роҳ мондани таҳқиқоти илмиро доранд. Нақлиёти ҳавоии ҳамаи давлатҳо дар фазои Баҳри кушод метавонанд озодона парвоз намоянд. Ҳар як киштии ба Баҳри кушод дохилшуда дар итоати ҳамон давлатест, ки зери байрақи он шино мекунад. Ҳангоми ҷанг Баҳри кушод метавонад мавриди истифода амалиёти ҳарбӣ низ қарор гирад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳри кушод // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |