Баҳри марҷон
Баҳри марҷон, Баҳри Корал (англ. Coral Sea) — баҳри нимкушод дар Уқёнуси Ором.
Баҳри марҷон? | |
---|---|
![]() | |
Характеристики | |
Площадь | 4 791 000 км² |
Объём | 11 470 000 км³ |
Наибольшая глубина | 9 140 м |
Средняя глубина | 2 394 м |
Расположение | |
18°00′00″ а. ҷ. 158°00′00″ т. ш.HGЯO | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
ҶуғрофиёВироиш
Байни соҳилҳои шим. шарқии Австралия, дар Шим. ҷаз-ҳои Гвинеяи Нав, Каледонияи Нав ва Саломон, дар Ш. ҷаз-ҳои Гебриди Нав ва дар Ҷ. рифи Элизабет. Ба воситаи гул. Торрес бо Баҳри Арафури Уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Масоҳ. 4068 км². Ҳаҷми миёнаи оби Б. М. 10038 ҳазор км3. Умқи миёнааш 2468 м, ҷойи амиқтаринаш 9174 м. Ҳарор. миёнаи сатҳи об дар Ҷ. авг. аз +19°С, февр. то 24°С, дар Шим. то +28°С. Шӯрии об то 35,5 дарсад. Мадди баҳр номураттаби нимшабонарӯзӣ буда, баландии об то ба 3,7 м мерасад. Бинобар афзунии ҷазираҳо ва рифҳои марҷонӣ чунин номгузорӣ шудааст. Ҷазираҳои сершумори марҷонӣ ва рифҳо (рифи Садди Калон, тӯлаш 2300 км) дар Б. М. киштигардиро душвор мекунанд. Наҳанг ва моҳиҳои паррон зиёданд.
БандарҳоВироиш
Бандарҳои калонаш:
- Кэрнс (Австралия),
- Морсби (ҷаз. Гвинеяи Нав),
- Нумеа (ҷаз. Каледонияи Нав)
Нигаред низВироиш
ЭзоҳВироиш
АдабиётВироиш
- Баҳри марҷон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.