Баҳри мурда, баҳри майит (ар. البَحْر المَيّت‎; ибрӣ: ים המלח Ям ха-мэлах)кӯли шӯри баста дар байни Исроил ва Урдун.

Баҳри мурда
?
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Дарозиаш 67 км, бараш то 18 км, масоҳ. бештар аз 1050 км². Умқаш то 378 м. Сатҳи Б. М. аз сатҳи Баҳри Миёназамин 423 м пасттар (2010) аст. Яке аз шӯртарин баҳрҳои рӯйи Замин буда, шӯрии об 260—300 дарсад аст. Ба Б. М. якчанд дарёчаҳо ва дарёи Урдун мерезанд. Иқлими гарми хушк (50-100 мм бориш дар як сол) сабаби зуд бухоршавии оби баҳр ва ҷамъшавии намакҳои минералӣ дар он гардидааст. Дар таркиби намакҳои Б. М. 50,8 дарсад хлориди магний (MgCl), 30,4 дарсад хлориди натрий (NaCl), 4,4 дарсад хлориди калий (KCl) ва ба миқдори зиёд бромиди магний (MgBr) мавҷуданд. Ин сабаби чун осоишгоҳи табобатӣ эътироф гаштани Б. М. шуда, аз тамоми олам сайёҳонро ҷалб мекунад. Таркиби минералии намаки Б. М. аз намаки баҳрҳои дигар фарқ мекунад, дар он сулфат камтар ва бромид бештар аст. Б. М. инчунин лойқаи шифобахш, бром, йод ва моддаҳои гормонӣ дорад. Аз сабаби дар таркиби обаш зиёд будани намакҳо, дар он ҳаёти органикӣ (ба ғайр аз якчанд навъи бактерияҳо) вуҷуд надорад, аз ин рӯ Б. М. ном гирифтааст. Истифодаи беҳадди оби дарёҳои хурди ба он резанда (баъзеашон то баҳр намерасанд) боиси паст шудани сатҳи оби Б. М., ба ду қисм ҷудо шудани он, коста шудани обҳои зеризаминӣ гардидааст. Дар ҳудуди Исроил ва Урдун ҳодисаҳои фурӯравии замин (тақр. умқи он дар 1200 ҷой то 25 м) торафт бештар мегардад. Истихроҷи босуръати бром, карбонати калий ва минералҳои дигар низ ба вазъи экологии Б. М. таъсир расондааст. Дар соҳили Б. М. маҷмааҳои сайёҳии Эйн-Геди, Калия, Алмог, Митспе-Шалем ва меҳмонсаройҳо ҷойгиранд.

Адабиёт

вироиш


Пайвандҳо

вироиш