Баҳри Ҷануби Хитой
Баҳри Ҷануби Хитой (мол. Laut China Selatan, вйетн. Biển Đông, чинӣ: 南海, Шаблон:Lang-tl, индон. Laut Cina Selatan) — баҳри нимкушод дар ғарби Уқёнуси Ором, назди соҳилҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, байни нимҷазираи Ҳиндухитой, ҷазираҳои Калимантан, Палаван, Лусон ва Тайван.
Характеристики | |
---|---|
Наибольшая глубина | 5 560 м |
Средняя глубина | 1 024 м |
Ҷойгиршавӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Масоҳаташ 3537 ҳазор м2. Умқаш 5560 м, ҳаҷми об 3928 ҳазор км3. Ба он д-ҳои бузурги Сисзян, Хонгха, Меконг, Менам мерезанд. Ҷаз. бузургтаринаш — Хайнан. Халиҷҳои бузургаш Бакбо (Тонкин) ва Сиам. Ҳарор. об февр. аз 200С дар Шим., то 270С дар Ҷ., авг. 28-290С. Шӯрии об-32-34 дарсад. Тобистон ва тирамоҳ зуд-зуд тӯфон мешавад. Мадди баҳр номураттаб, шабонарӯзӣ ва нимшабонарӯзӣ буда, баландии он то ба 4 м мерасад. Дар Б. Ҷ. Х. моҳиҳои тунес, шӯрмоҳӣ, сардина, самак, инчунин сангпушти обӣ, креветка ва харчанг зиёд аст. Бандарҳои Б. Ҷ. Х.: Бангкок (Таиланд), Хошимин, Хайфон (Вйетнам), Сянган (Гонконг), Гуанчжоу (Кантон), Шантоу (Хитой), Манила (Филиппин).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳри Ҷануби Хитой // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.