Абулҳасан Алӣ Баҳромии Сарахсӣ (форсӣ: بهرامی سرخسی‎, ? — 1106) — шоир ва арӯздони форс-тоҷик.

Баҳромии Сарахсӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии ӯ маълумот кам аст. Ба гуфтаи Авфӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб» Баҳромии Сарахсӣ табъи баланди шоирӣ дошта, дар иншои рисолаҳои назарӣ дастболо будааст. Бо номи «Ҳуҷастанома» рисолае дар илми арӯз таълиф намуда будааст. Муаллифи «Чаҳор мақола» — Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар хусуси ду рисолаи ӯ: «Ғоят-ул-арӯзин» ва «Канз-ул-қофия» хабар медиҳад, ки мутаассифона онҳо то замони мо боқӣ намондаанд. Мувофиқи гуфтаи муаллифи «Ал-Муъҷам» вай ҳамроҳи Бузургмеҳри Қоинӣ се доираи арӯзи форсӣ-тоҷикӣ — Мунғалита, Мунъалиқа ва Мунъакисаро мураттаб сохтанд, ки аз таркиби афоили онҳо бисту як баҳр: Боис, Қотеъ, Муштарак, Муаммам, Мусаттар, Муайян, Маснӯъ, Мустаъмал, Ахрас, Мубҳам, Муҳаммал, Маъкӯс, Кабир, Сарим, Бадил, Қалиб, Ҳамид, Сағир, Асамм, Салим, Ҳамим берун меоянд, ки ҳамаи онҳо дар шакли мусаддаси солиманд. Аз ӯ абёти парокандае низ боқӣ мондааст.

Адабиёт

вироиш
  • Тоиров У. Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам. Ҷ. 1. Д., 1994;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Низомии Арӯзии Самарқандӣ. Чаҳор мақола, Д., 1986.