Охундҳоҷӣ Баҳроми Бухороӣ (форсӣ: بهرام بخارای‎, ? – 1690, Бухоро) — шоири тоҷик.

Баҳроми Бухороӣ
Навъи фаъолият: шоир

Эҷодиёт вироиш

Ба забони арабӣ ҳам эҷод мекард. Бино ба маълумоти тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ Б. шахсияти маъруфу шинохта, фозилу донишманд, дорои табъи сухансанҷ, балоғатосор, фасеҳбаён, соҳибкамол, маҳфилорою суҳбаторо будааст. Мансабҳои давлатӣ – мутаваллигии мадрасаи Қулбобои Кӯкалтош ва судурии дорулилми Бухороро ба уҳда дошт. Дар назму насри форсиву арабӣ асарҳои бисёре таълиф карда буд. Девони шомили қасоиду ғазалиёт дошт. Инчунин шарҳи «Шабистони хаёл» аз осори ӯст. Ба баъзе ғазалҳои Соибу Сайидо ҷавоб гуфтааст. Абёти зерин намунае аз осори Баҳроми Бухороӣ мебошанд:

Манзилгаҳат аз масҷиду майхона кадом аст,
Эй хонабарандоз, туро хона кадом аст?
Гуфтам ба ҳарам маҳрами ин хона кадом аст?
Оҳиста ба ман гуфт, ки бегона кадом аст?
                                   ***
Даро дар ҳалқаи мастони гӯристон, ки то бинӣ,
Ки ҳар як косаи сар бигзаронидаст давронҳо.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • تذکرۀ مذاکرالاصحاب یا تذکرة الشعراء ملیحای سمرقندی. دوشنبه، ۱۳۸۰