Баҳроммирзои Сафавӣ

Баҳроммирзои Сафавӣ (форсӣ: بهرام ميرزا صفوی‎; 15171549) — хушнавис, шоир ва наққоши форс-тоҷик.

Баҳроммирзои Сафавӣ
Таърихи таваллуд: 7 сентябр 1517(1517-09-07)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1549[1]
Навъи фаъолият: шоир

ЗиндагиномаВироиш

Номи аслиаш Абулфатҳ Баҳроммирзо. Фарзанди шоҳ Исмоили аввали сафавӣ ва бародари шоҳ Таҳмосби аввал. Ӯ шоҳзодаи донишманд, ҳунарманд ва ҳунарпарвар буд. Шеър мегуфт ва дар шеър «Баҳромӣ» ва «Баҳром» тахаллус мекард. Муаммо медонист, аз мусиқӣ ва ҳунари наққошӣ баҳраманд буд. Донишмандон ва ҳунармандонро гиромӣ медошт ва тарбият мекард. Дар 33-солагӣ даргузашт. Аз осори хаттотии ӯ як маҷмӯа, ки худ ҷамъоварӣ кардааст, дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул, як қитъа ба хатти настаълиқи ҷаллии зебо ва қитъаи дигар дар китобхонаи Донишгоҳи Истанбул аст.

ЭзоҳВироиш

  1. Pas L. v. Genealogics (ингл.) — 2003.

АдабиётВироиш

  • مهدی بيانی، احوال و اثار خوشنويسان، تهران، ۱۳۴۵