Баҳром Родон
Баҳром Родон (форсӣ: بهرام رادان; зод. 28 апрел 1979, Теҳрон) — ҳунарпеша ва таҳиякунандаи эронӣ.
| |
Таърихи таваллуд: | 28 апрел 1979 (45 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, овозхон, мудел |
Корнома: | 1999 — то ҳол |
IMDb: | ID 1367819 |
bahramradan.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ӯ фаъолияти ҳирфаии худро бо бозӣ дар филми «Шӯри ишқ» (1379) ба коргардонии Нодир Муқаддас оғоз кард ва барои нақшофаринӣ дар филмҳои «Шамъе дар бод» (1382) ва «Сантурӣ» (1385) муваффақ ба касби ду «Симурғи булӯрин»-и беҳтарин бозигари нақши аввали мард аз Ҷашнвораи филми Фаҷр шудааст. Ӯ барои таҳиякунандагии «Алафзор» (1400) номзади дарёфти ҷоизаи «Симурғи булӯрин»-и беҳтарин филми Ҷашнвораи филми Фаҷр шудааст. Ҳамчунин ин филм ба унвони филми баргузидаи мунтақидон ва нависандагони «Моҳномаи филм» интихоб шуд.