Баҳрҳои канорӣ
Баҳрҳои канорӣ — баҳрҳое, ки ба қораҳо (материкҳо) ҳамшафат буда, то андозае бо ҷазира ё нимҷазираҳо ҷудо шудаанд. Одатан дар тунукоби қоравӣ ва нишебиҳои қоравӣ ҷойгир буда, баъзан ноҳияи амиқи уқёнусро низ фаро мегиранд. Ҳам материк ва ҳам уқёнус ба ҳамаи хусусиятҳои он баҳрҳо (таҳнишастҳои қаър, иқлим, низоми гидрологӣ, ҳаёти органикӣ) таъсир мерасонанд.
Баҳрҳои Баренс, Кара, Лаптевҳо, Сибири Шарқӣ, Чукот, Баҳри Шимолӣ, Беллинсгаузен ва ғ. баҳрҳои канорианд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳрҳои канорӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |