Баҳси гурӯҳ:Панҷакент

Салому дуруд устоди гиромӣ Саъдиев, Ин гурӯҳ аз гурӯҳи tg:Гурӯҳ:Ноҳияи Панҷакент чӣ фарқ дорад? Фикри Шуморо донистан мехоҳам, эҷоди гурӯҳҳои алоҳидаро барои маркази ноҳия ва худи ноҳияро зарур мешуморед ё не? Қаблан ба посухатон сипосгузорам --ibrahim (talk) 10:48، 6 Феврал 2014 (UTC)

Салом мӯҳтарам --ibrahim. Посухи ман аз чунин гурӯҳбандиҳои ВК руси - https://ru.wikipedia.org/wiki/Курлово ва https://ru.wikipedia.org/wiki/Категория:Гусь-Хрустальный_район бармеояд. Дар аввалааш - шаҳраки Курлово, ки соли 1998 таъсис ёфта ҳамагӣ - 6516 наф. аҳолӣ дорад, дар гурӯҳи шаҳрҳои вилоят сабт шудааст. Дар дувумаш Гусь-Хрустальный_район ҳамаи шаҳру, ҷамоату, деҳаву, муассисаву, дарёву диг... гирд оварда шудаанд, сабт мешаванд.

Аз ин чунин бармеояд, ки мо ҳам шаҳрҳоямонро бо инфраструктурааш бояд дар гурӯҳ алоҳида ва ноҳияҳои ҷумҳуриро (бо ҳамаи шаҳру, ҷамоату, деҳаву, муассисаву, дарёву диг...) дар гурӯҳи дигари мустаъқил, минбаъд бояд вироиш намоем. Бинобар ин, чунин мешуморам, ки шаҳрҳои вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро дар гурӯҳбандиҳои мустаъқил ворид намуданамон лозим аст. Бо эҳтиром --Шӯҳрат Саъдиев 13:20، 6 Феврал 2014 (UTC)

Сипоси фаровон барои посухи пурмӯҳтаво, устоди гиромӣ Саъдиев, Пас мебояд аз ин гурӯҳ деҳотро ба гурӯҳи tg:Гурӯҳ:Ноҳияи Панҷакент кӯчонем ва дар ин гурӯҳ танҳо маводҳо илова шаванд, ки ба маркази ноҳия рабт доранд. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 13:30، 6 Феврал 2014 (UTC)

Бале, чунин бояд кард. Фаҳмотар мешавад.--Шӯҳрат Саъдиев 13:37، 6 Феврал 2014 (UTC)

Return to "Панҷакент" page.