Баҳс:Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (Еврозес) – ташкилоти байналмиллалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ вобаста мебошанд, ташкил шудааст. Ин ташкилот пурра мувофиқи шартҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва мувофиқи меъёри ҳуқуқии байналмиллалӣ ташкил шудааст ва дорои ҳуқуқи субъекти байналмиллалӣ мебошад. Ин системаи таркиби аниқ дошта бо механизми ҷиддӣ ва барои иҷрои масъалаҳои иқтисодӣ қабул гардида аст. Иттиҳод ва шахсҳои вазифадори он аз имтиёзҳо ва иммунитетҳое, ки барои иҷрои ҷараён ва ноилшавии мақсадҳо ки дар шартномаи Еаразэс қабул шудаанд , истифода мебаранд. Дар соли 2003 ташкилоти иқтисодии Авруосиё дар Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид статуси назораткунандаро қабул кард. Шартнома дар бораи барпо гардидани ЕврАзЭС 10 – уми октябри соли 2000 дар шаҳри Остона қабул гардид ва аз 30 – уми майи соли 2001 баъди тасдиқи ҳамаи аъзоёни давлатҳо эътибор гирифта шуд. Аъзоёни ташкилоти иқтисодии Авруосиё аз лаҳзаи ташкилшавӣ панҷ давлат баҳисоб мераванд: 1. Беларусия 2. Қазоқистон 3. Қирғизистон 4. Русия 5. Тоҷикистон 25 январи соли 2006 суратҷала дар бораи дохилшавии ба ташкилот давлати Узбекистон қабул гардид. Моҳи октябри соли 2008 Узбекистон иштироки худро дар ин ташкилот қатъ кард. Еаразэс – ташкилоти кушода аст. Ҳар як давлат метавонад ба ин ташкилот аъзо шавад , агар ба худ ӯҳдадориҳое ки дар шартномаи Евразэс омада аст ва дар дигар шартномаҳои Ташкилот аз рӯи номгӯйи межгосовети Еврозэс дохил кардааст, қабул намояд.

Start a discussion about Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Start a discussion
Return to "Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё" page.