Баҳс:Ноҳияи Файзобод
Ҷашни 1250 солагии Хоҷаи Ҳотам
вироишИқтибос аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Файзобод, 10 апрели соли 2014
"Ноҳияи Файзобод таърихи бою рангине дорад ва табиати зебо, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии он дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ба некӣ ёд шудаанд. Дар домани ин куҳандиёр манзараҳои зебову камназир зиёд буда, захираҳои сайёҳии ҳудуди ноҳия ба тарғибу ташвиқ ва сохтмони инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ниёз доранд. Чунонки медонед, дар наздикии маркази ноҳия мақбараи Ҳотами Асам ҷойгир аст. Доир ба шахсият ва мақоми ирфонии ин шахсияти шинохта Фаридаддини Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлавӣ Ғулом Сарвари Лоҳурӣ маълумоти ҷолибе додаанд. Мақбараи мазкур ба асри 15 тааллуқ дошта, аз ҷониби олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Ғайр аз ин, дар қаламрави ноҳия шаҳри бостонии Вашгирд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, мавҷуд буда, то ҳол дар сатҳи зарурӣ омӯхта нашудааст. Ободсозии мақбара ва омӯзиши амиқи шаҳри куҳани Вашгирд боз як саҳифаи таърихи ватанамонро равшан намуда, метавонад ба мавзеи ҷолиби сайёҳон ва ҳаводорони таърих табдил ёбад. Дар робита ба ин, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати идомаи корҳои таҳқиқотӣ ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи ёдгориҳои таърихии дар ҳудуди ноҳия кашфшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд".